МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ БИОЛОГИЯ (IBO-2021)

26-07-2021
19 - 24 июли соли равон дар шаҳри Лисабони давлати Португалия Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2021) ба таври онлайн баргузор гардид. 
Дар олимпиадаи мазкур дар байни 304 иштирокчӣ аз 76 давлати дунё дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 4 нафар низ иштирок намуда, Шамс Давлятбеков-хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки ин дуюмин медали Шамс Давлятбеков дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ӯ соли гузашта дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2020), ки дар шаҳри Нагасакии давлати Ҷопон баргузор гашт, соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.