Машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

26-08-2022
Санаи 26-уми августи соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар кори машварат Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини Раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳия - сарпарасти соҳа, ректорони донишгоҳ ва донишкадаҳои олии вилоят, директорони коллеҷҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят, адибон, собиқадорони соҳаи маориф, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Чорабиниро сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар машварат вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти соҳаи маориф дар вилоят, сатҳи таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар машварат маърӯза намуда, аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маорифи миллӣ, таҳкими пойгоҳҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, дастовардҳои ислоҳоти маориф дар даврони Истиқлоли давлатӣ, саҳми кадрҳои замони муосир дар пешрафти илму маорифи кишвар, азму суботи омӯзгорони соҳибтахассус ва бурду бохти соҳаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, оид ба вазифаҳои навбатии омӯзгорон дар бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” андеша ронд.
Ҳамчунин Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро омӯзгорон ва собиқадорони соҳаро бо оғози соли нави хониш - Рӯзи дониш табрик намуда, доир ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, маҳорату малакаи омӯзгорон, садоқати касбӣ, сайқали донишу ҷаҳонбинии мутахассисони ҷавон, дар иҷрои вазифа зоҳир намудани масъулияти баланд, афзун намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ изҳори андеша намуд.
Дар машварат Дилором Ҷалолова – омӯзгори Муассисаи таълимии махсусгардонидаи «Мактаб барои хонандагони болаёқат» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гирандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022, Ҳабиба Наҷибуллоева - омӯзгори ҷавони МТМУ №30, шаҳри Панҷакент ба музокира баромада, барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар таълиму тарбия ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки дар соли таҳсили нав барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон бо ғайрати дучанд талош меварзанд. 
Дар анҷоми машварат Раиси вилоят ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои назаррас фаъолони соҳаро бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардониданд. Инчунин ғолибони озмуни “Беҳтарин муассисаи томактабии вилоят”, директорони муассисаҳои таълимии вилоят, ки бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ синфхонаҳои иловагӣ сохтаанд, муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгороне, ки хонандагонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бештар ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, бо мукофотпулии яквақта қадрдонӣ шуданд.
Барномаи фарҳангии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сарояндагону гурӯҳҳои рақсии вилоят табъи иштирокчиёнро болида гардонид.