МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДСОЗӢ ВА ҶОИЗАСУПОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2022 БАРГУЗОР ГАРДИД

28-12-2022
28-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ва волидайни хонандагон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас, вазири маориф ва илм Р.Саидзода суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо роҳандозӣ шуда истодааст, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳамаҷонибаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ҳамзамон, қадрдонӣ намудани хонандагону омӯзгорон ва падару модари хонандагон мебошад.
Сипас, ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номинатсия қадрдонӣ шуда, дар умум, ба 262 нафар омӯзгор, директор, кӯдакону наврасони боистеъдоди кишвар, инчунин, волидайни онҳо мукофотҳо супорида шуданд. Аз ҷумла, барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи насли наврас, рушди ҳаракати олимпӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ-оммавӣ як қатор омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳ маркази дарёфт ва рушди истеъдод, даҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ ва даҳ муассисаи типи нави дар рушди ҳаракати олимпӣ фаъоли ҷумҳурӣ, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дар рушди ҳаракати олимпӣ фаъол бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм, омӯзгорони муассисаҳои таълимие, ки хонандагонашон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сазовори бештари ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки хонандагонашон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сазовори бештари ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ, волидайни як қатор хонандагон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳамкориҳои судманд дар рушди ҳаракти олимпӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои иштироки фаъолонаи фарзандон дар даврҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.