Магистранти Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ дар Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза ва медали тилло шуд

04-01-2024
ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Амонӣ дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуда, барандаи Шоҳҷоизаи мусобиқа ва медали тиллоии он гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ намояндагони беш аз 60 мамлакати олам ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, ҷиҳати ба даст овардани пирӯзӣ рақобат намуданд.
Мақсад аз баргузории олимпиада- муаррифии чеҳраҳои ҷавони соҳиблаёқат дар самти илму адабиёти ҷаҳон дар байни мамлакатҳои қораи Осиё дар соли 2023 мебошад.