Квотаи Президентӣ: камбудиҳоро бартараф бояд кард

28-09-2018
Ба масъалаи пурра ба таҳсил фаро гирифтани  наврасону ҷавонон  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва таъмин намудани сулҳу ваҳдат дар кишвар таваҷҷуҳ менамояд. Қабули қонуну барномаҳо, консепсияҳо ва қарорҳои дахлдор оид ба соҳа ба рушди зинаҳои таҳсил ва баланд гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд.
Яке аз иқдомҳои шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи Президентӣ маҳсуб меёбад.  Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил гарданд ва барои рушду инкишофи ҷомеа хизмати арзанда намоянд. Аз оғози қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ беш аз 20 сол сипарӣ гардид. То ин дам ҳазорон нафар ба ин васила муассисаҳои олии кишварро хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ хизмати босазо доранд. 
Барои қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2018-2019 1246 ҷой (аз ҷумла, барои духтарон 638 ҷой ва барои писарон 608 ҷой) ҷудо гардид. Тақсимоти ҷой вобаста ба минтақаҳо чунин аст: вилояти Хатлон 504 ҷой (258 ҷой барои духтарон ва 246 ҷой барои писарон), вилояти Суғд 302 ҷой (154 ҷой барои духтарон ва 148 ҷой барои писарон), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 164 ҷой (85 ҷой барои  духтарон ва 79 ҷой барои писарон) ва барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 276 ҷой (141 ҷой барои духтарон ва 135 ҷой барои писарон). Суҳбат бо довталабони  квотаи Президентӣ дар заминаи нақшаи қабули тасдиқгардида  дар 61 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор гардид ва беҳтаринҳо донишҷӯ шуданд.
Аммо дар рафти қабул баъзе камбудиҳо ба чашм расиданд, ки асосан дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон, тарзи дурусти гузаронидани  даврҳои якуму дуюми озмун ҷой доштанд. Ин қисмати озмун аз тарафи масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад. Гузашта аз ин, тибқи банди 10-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 июли соли 2015, №428) “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ҳар як ҷойи пешбинишуда ҳуҷҷатҳои на камтар аз 3 довталабро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Тоҷикобод, Панҷ, Конибодом, Норак дар баъзе аз ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва санъат, таҳсилоти томактабӣ, технология ва ихтисоси омӯзгорӣ ба ҳар як ҷойи ҷудогардида 1-2 довталаб пешниҳод карданд. Шуъбаҳои маорифи шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Спитамен бошанд, довталабонеро пешниҳод намуданд, ки ба ягон саволи тестҳо ҷавоб дода натавонистанд. Гурӯҳи корӣ маҷбур шуд, ки бо довталабони дигар суҳбати такрорӣ баргузор намояд. Дар озмуни квота бояд онҳое иштирок намоянд, ки дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки даврҳои якуму дуюм дар баъзе аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ шаффоф сурат намегиранд, ҳол он ки бояд беҳтаринҳо ба муассисаҳои олии кишвар дохил шаванд.
Ҳамчунин, дар фаъолияти баъзе аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо камбудию норасоиҳо ба чашм расиданд. Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар ихтисоси мошинҳо ва дастгоҳҳои бофандагии Донишгоҳи давлатии Данғара се нафар довталаби аз дигар ихтисосҳо дар суҳбат нокомгардидаро пешниҳод кард, ки хилофи банди 12 – и Низомномаи қабул тибқи квотаи Президентӣ ба ҳисоб меравад. Яъне он нафаре, ки дар як ихтисос ноком гардид, ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷатҳоро  дар ихтисоси дигар надорад.  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент довталаб Гулафшон Неъматова - хатмкардаи мактаби №15 –ро дар ду ихтисос (ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ба ихтисоси технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) пешниҳод намудааст.
Камбудии дигар холӣ мондани чанде ихтисосҳои ҷудогардида дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад. Имсол аз теъдоди умумии квотаҳои ҷудогардида 8 ҷой холӣ монд. Дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар барои иштирок дар озмун ягон нафар довталабро пешниҳод накарданд. Ин ҳолат дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (1 ҷой аз рӯи ихтисоси меваю сабзавот ва ангурпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (духтар) ва шаҳри Роғун (1 ҷой аз рӯи ихтисоси режиссура (намоишҳои театрӣ ва идҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (духтар) ба мушоҳида расид.
Масъалаи дигари ташвишовар дар он аст, ки баъзе аз довталабон баъди соҳиби квота гардидан ба муассисаи олии касбӣ ҳозир намешаванд. Масалан, Меҳринисо Қӯшоқова - хатмкардаи мактаби  №1-и ноҳияи Спитамен дар ихтисоси кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Меҳринигор Юсупова - хатмкардаи мактаби №4-и ноҳияи Фархор дар ихтисоси тарҳрезӣ ва технологияи дӯзандагии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба комиссияи қабул ҳуҷҷат супорида, то ҳол ба дарс ҳозир нашудаанд.
Ҳамчунин, Марвориди Баҳодур -хатмкардаи мактаби №12-и ноҳияи Тоҷикобод (ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ), Умедаи Хайриддин -хатмкардаи мактаби №13-и ноҳияи Тоҷикобод (ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода), Розия Қурбонова -хатмкардаи мактаби №24-и ноҳияи Панҷ (дар ихтисоси истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) ва Шуҳрат Тӯраев -хатмкардаи мактаби №8-и шаҳри Роғун (дар ихтисоси географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) то ҳол ба таҳсил шурӯъ накардаанд.
Барои ба таҳсил ҳозир гардидани донишҷӯён аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои зикргардида мактуб ирсол гардид. Мутаассифона, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани хатмкардагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххаси амалӣ ба иҷро расонида нашудааст. Танҳо 2 нафар довталаби ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 28.09.2018 ба таҳсил оғоз карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Балҷувон ва Нуробод бо сабабҳои маълум (ба шавҳар баромадан, беморӣ ва тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дохил гардидан) ба таҳсил фаро гирифтани довталабони квотаи Президентиро таъмин карда натавонистанд. Ҳамчунин, шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ ба ҷойи Амриддин Олов, ки тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба муассисаи таълимии хориҷи кишвар дохил гардидааст, номзадии се нафар довталаби навро барои суҳбат пешниҳод намудааст, ки ин хилофи қоида аст.
Мушоҳида ва таҳлили қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нишон дод, ки дар самти интихоби довталабони баъзе аз ихтисосҳои санъат, фарҳанг, аз ҷумла, санъати мусиқӣ, сурудхонӣ ва мусиқии халқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, кишоварзӣ, занбӯри асалпарварӣ, тиббӣ-байторӣ, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, техникию технологӣ, истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ихтисосҳои марбутаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҳоло ҳам дар кору фаъолияти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Роғун, Конибодом, Тоҷикобод, Нуробод, Спитамен камбудию норасоиҳо ба чашм мерасанд. Аксари мутасаддиёни мақомот ба ихтисосҳои дар боло зикргардида довталабонеро пешбарӣ карданд, ки онҳо ҳоҳиши таҳсилро дар ин ихтисосҳо надошта, танҳо барои иҷрои нақшаи қабул пешниҳод гардидаанд. 
Аз ин рӯ, барои рафъи камбудиҳо мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, интихоб ва пешниҳоди довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои суҳбат тибқи талаботи банди 10-и «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №428) амалӣ намоянд. Минбаъд фаъолияти кори комиссияи баргузории суҳбати даври якум ва дуюм бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи бандҳои 7 ва 8 - и “Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2017) ба роҳ  монда шавад. Ҳуҷҷатҳои довталабонеро, ки аз суҳбати қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд, омода карда,  то 30 июл ба комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд. Инчунин, бо мақсади гирифтани пеши роҳи дур мондан аз таҳсил тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботию ташвиқотиро байни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷоннок намоянд, то онҳое, ки донишҷӯ мегарданд, сари вақт ба таҳсил ҳозир гарданд.
Сафарбой САМАТОВ, 
сармутахассиси раёсати таҳсилоти  олии касбӣ
ва баъдидипломии
 Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”