КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

04-11-2021
Таҳти ин унвон имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27 - солагии Рӯзи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. 
Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳамаддовуд Саломиён чорабиниро оғоз бахшида, доир ба муҳиммияти таҷлили Рӯзи қабули Конститутсия дар мамлакат ибрози назар намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард. Бо ҳидояти хирадмандонаи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт.
Сипас, Ш.Камолов – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва Беҳруз Сафаров - мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илм сухан карда, иброз доштанд, ки бисту ҳафт сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад. Пеш аз ҳама, аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ аз он иборат аст, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул шудааст.
Зайнаб Ҳусейнова