КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МИРЗО  ТУРСУНЗОДА

30-04-2021
30-юми апрели соли 2021 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи  “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Қабл аз оғози кори конференсия  бо иштироки меҳмонон парда аз рӯйи нимпайкараи устод Мирзо Турсунзода бардошта шуд. Дар саҳни донишкадаи мазкур аз ҷониби донишҷӯёни донишкада аз осори устод Мирзо Турсунзода шеърҳое, ки саршор аз муҳаббати бепоён нисбат ба Ватану ватандӯстӣ,  ҷасорату матонат ва сулҳу осоиштагӣ буд, қироат гардид.
Дар конференсия Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Манучеҳр Шарифзода – муовини вазири фарҳанг, Муҳриддин Низомӣ – ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Боймурод Шарифзода – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мисбоҳиддин Нарзиқул – мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон,Фирӯза Турсунзода – духтари Мирзо Турсунзода, кормандони вазорату кумитаҳо, ҳайати профессорону  омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муҳриддин Низомӣ – ректори донишкада ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну кормандони муассисаро бо рӯзи бузургдошти устод Мирзо Турсунзода табрик гуфта, қайд намуд, ки устод Турсунзода дар арсаи байналмилалии даврони шӯравӣ ва ҳанӯз ҳам ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ, ҳомии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва арҷгузори тамаддуни мардуми сайёра шинохта шудааст. 
-Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати шоиста намояд, бо халқ ҳамнафасу ҳамқадам бошад, ба манфиати давлат ва ҷамъият биандешад, ҳарф занад ва амал намояд. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат ва орзуву ормонҳои миллатро дар бар мегиранд,-афзуд ӯ. 
Гуфта шуд, ки дар замони муосир эҷодиёти шоир натанҳо арзиши бадеию иҷтимоӣ ва фарҳангии худро аз даст надодаанд, балки дар баробари муаррифии арзишҳои олии иҷтимоии миллати тоҷик, ҳамчунин, идеяҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода мекунанд.
Сипас, М.Саломиён – муовини якуми вазир қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба ин ғояҳои бузурги устод Мирзо Турсунзода баҳои баланд дода, бо таъкид бар аҳамият ва арзиши умумиинсонии онҳо дар замони муосир навиштаанд: «Ғояҳои олии умумиинсонӣ - ҳифзи сулҳ, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба тақдири инсоният, рафоқат ва дӯстии халқҳо дар лирикаи сиёсӣ ва дигар ашъори иҷтимоии Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан, бо ҳисси ҳаяҷони баланди инсондӯстӣ ифода ёфтаанд. Хизмати бебаҳои як нафар фарзанди миллати шоирпеша ва соҳибфарҳанги тоҷик Мирзо Турсунзода ба хазинаи тамаддуни башар низ дар ҳамин аст». 
-Имсол дар саросари кишвар 110-солагии ин шоири шаҳир ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар таърихи адабиёт ва фарҳанги миллии мо дар баробари яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабӣ, шоири оташинсухан, ҳамзамон ба сифати шахсияти бузурге шинохта шудааст, ки барои ривоҷу равнақи дӯстии халқҳои олам саҳми бузурге гузоштааст. Дар айёми зиндагии худ, яъне дар замони Шӯравӣ дар мақоми Раиси ҳамдилии халқои Осиёи ва Африқо баргузида шудани ин шахсияти барҷастаи адабиву сиёсӣ худ гувоҳи талошу кӯшишҳои пурсамари вай барои таҳкими дӯстии халқҳои олам ва таблиғи фарҳанги дӯстӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, хосатан дар айёме, ки олам ба чунин ганҷинаи беназире мисли сулҳ ниёз дошт,-илова кард М. Саломиён.
Баъдан Манучеҳр Шарифзода – муовини вазири фарҳанги кишвар зимни баромади хеш қайд кард, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст. Ӯ афзуд: “Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии “Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ” гардида буд. Хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳуввияти миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон сазовори таҳсину қадрдониҳои фаровон аст. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон аст”.
Фирӯза Турсунзода – духтари устод Мирзо Турсунзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани 110-солагии зодрӯзи падари бузургвораш ба ташкилкунандагони ҷашнвора изҳори сипос намуда, хотироти хешро аз ҳаёту фаъолияти қиблагоҳаш баён намуд. Мавсуф, инчунин ба тарзи шеърхонии донишҷӯёни донишкада баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои расидан ҳадафҳои хеш дар зиндагӣ ва фаъолият пайваста талош намоянд.
Инчунин, Мисбоҳиддини Нарзиқул – мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Лоиқ Шералӣ ва Мирзо Турсунзода” (масъалаи садоқати шогирд ва манзалати устод), Боймурод Шарифзода – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои афкори адабӣ ва эстетикии Мирзо Трусунзода”, Вафо Эдбоев – профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи мақол ва ифодаҳои маҷозӣ дар достони “Ҷони ширин”-и Мирзо Турсунзода” ва чанде дигар устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маърӯза намуданд. 
Дар қисмати анҷоми конференсия чорабинии фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯён бо иштироки санъаткорон, ки фарогири осори мондагори устод Мирзо Турсунзода буд, манзури аҳли толор гардонида шуд.  
Мавзунахон Убайдуллоева,
Суннатуллоҳи Мирзо,
мутахассисони Маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон