Кӯдакон ба масъалаҳои об бетараф нестанд

19-06-2018
19-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки рӯзҳои 20-22-юми июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об доир гардид, ки аз се бахш: «Садои кӯдакон: Мизи гирд бо писарону духтарон», «Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: Баррасии масоили рушди бармаҳали кӯдакон (РБК), об, санитария ва гигиена (WASH)» ва «Наврасон дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ» иборат буд. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини якуми вазир Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазир Латофат Назирӣ, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Саида Умарзода, намояндаи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) Герда Вербург, намояндаи доимии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питерс Олтерс, сардори шуъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мачей Мадалински, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, шарикони рушд, меҳмонон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Зимни сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ва муовини якуми вазири маориф ва илми мамлакат Раҳматулло Мирбобоев қайд гардид, ки 21-уми декабри соли 2016 бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва иқдоми шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро қабул намуд, ки он идомаи мантиқии Даҳсола байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» буда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард. Чорабинии имрӯзаи мо-Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об низ дар доираи ин ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» доир мегардад. 
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори ташаккур намуда, афзуд, ки тибқи оморҳо дар рӯйи олам ҳар рӯз ба ҳисоби  миёна 700 кӯдак аз сабаби нарасидани оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд. Зиёда аз 250 миллион нафар барои пайдо кардани оби тоза ҷойи зисташонро иваз менамоянд. Дар даҳсолаи аввал нақшаву барномаҳои тарҳрезишуда пурра амалӣ гаштанд, ки ин боиси хурсандист. 
Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар-ғолибони озмуни иншо дар мавзӯи  «Аҳамияти дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена барои таҳсилоти босифат» доир ба масоили об фикру андешаҳои худро иброз доштанд. 
Дар бахши «Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: Баррасии масоили рушди бармаҳали кӯдакон (РБК), об, санитария ва гигиена (WASH)» ҳозирин дар мавзӯъҳои «Гуногунсоҳа ва муҳим  будани масоили об, санитария ва гигиена, ҳамчунин аҳамияти он ҷиҳати расидан ба натиҷаҳо дар масоили ғизо ва Рушди Бармаҳали Кӯдакон барои кӯдакон ва оилаҳои онҳо», «Арзиши иқтисодӣ ва аҳамияти иҷтимоии Рушди Бармаҳали Кӯдакон ва об, санитария ва гигиена» андешаронӣ карданд.
Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иброз дошт, ки ҳамасола дар миқёси кишвар шумораи зиёди муассисаҳои таълимии томактабӣ сохта ба истифода дода мешаванд, то ин ки теъдоди бештари кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Инчунин, аз ҷониби вазорат 35 номгӯй китоби бадеии бачагона бо теъдоди 40 ҳазор нусха чоп шуда, ба мактабҳо дастрас гардид. Ҳамзамон, ишора намуд, ки шурӯъ аз соли 2020 қадамҳои аввалин барои гузариш ба низоми таҳсили 12-сола гузошта мешаванд. 
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода қайд кард, ки норасоии микронутриентҳо (витамину минералҳо) яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти кӯдакон мебошад. Ғизои солим аз рӯзи якуми ҳомиладорӣ ва то ду соли аввали ҳаёти кӯдак, яъне 1000 рӯз муҳим аст.
Намояндаи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) Герда Вербург гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои Ҳаракати глобалӣ гардидааст. Айни замон 60 кишвари олам аъзои ҳаракати номбурда мебошанд.  
Дар бахши сеюми форум озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар ин бахш лоиҳаҳои хонандагони литсейи №2-и шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд соҳиби ҷойи аввал, хонандагони мактаби №1-и ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи дуюм ва донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 
Муовини якуми вазир Раҳматулло Мирбобоев, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва дигар меҳмонони расмӣ ба ғолибон ва тамоми иштирокдорон медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.