ИСТИҚБОЛ АЗ НОМБАРДОРОНИ КИШВАР

14-01-2024
Имрӯз саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фазои идона дошт. Роҳбарияти МД “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва волидайну наздикони  ғолибони 20-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков “IZHO – 2024” вундеркиндҳои тоҷикро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
      Маврид ба зикр аст, ки 20-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков “IZHO – 2024” рӯзҳои 8 – 13 –уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар миёни 16 кишвари дунё, ки беш аз 600 довталаб дошт, доир гардид, ки дар ин озмуни бонуфузи ҷаҳонӣ 10 навраси тоҷик мақоми намоёнро касб намуданд.