ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ФОРУМИ СОЛОНАИ ШУРОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ФАНОВАРӢ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

04-05-2023
Рӯзҳои 2-5-уми майи соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Америка 8-умин Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардида истодааст, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, сардори раёсати маориф ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати моариф ва илм Фаррух Худойдодзода намояндагӣ доранд.
Форум таҳти унвони “Илм, технология ва фановарӣ барои шифоёбӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) ва амалисозии нақша дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи сатҳҳо” баргузор гардида, ҳадафи он муҳокима ва баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи илм, технология, фановарӣ ва дастгирии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
МЁдовар мешавем, ки дар ин форум суханронии вазири маориф ва илм дар дар назар дошта шуда, ҳамчунин, вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони созмону кишварҳои гуногун дар нақша аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон