ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲРИ ЗАНЗИБАРИ ТАНЗАНИЯ

04-12-2023
4 декабри соли равон дар шаҳри Занзибари Танзания ҷаласаи Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оғоз гардид, ки дар он дар баробари як қатор вазирони маорифи кишварҳои гуногун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзод ҳамчун узви алтернативии Шуро иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф масъалаҳои маблағгузории соҳаи маориф, тағйирот дар рафти аккредитатсия, истифодаи мақсадноки маблағҳо, ҳамкорӣ дар самти таълим, самаранокии фаъолияти ташкилотҳои гуногун, дастрасӣ ба таҳсил, муҳлати фаъолияти директори Шуро ва муовини он ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Интизор меравад, ки ҷаласаи Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф то 6 декабр давом мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 миллион доллар ҷудо гардид, ки аз он 25 миллион доллар грант буда, рӯзҳои наздик марҳилаи азхудкунии он шурӯъ мегардад. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон