Иштирок дар олимпиадаи ҷаҳонӣ

03-09-2018
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ теъдоди литсей, гимназия мактабҳои Президентӣ, ки барномаи кор бо кӯдакони болаёқатро амалӣ менамоянд, зиёд ва иштироки хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои гуногун, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ афзун гардидаанд. Ба ин, пеш аз ҳама, Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, Стратегияи рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, мусоидат мекунад. Барнома афзалият ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар  самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо муайян менамояд. Барномаи мазкур принсипҳои заминавии сохтор ва вазифаҳои асосии низоми дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, инчунин, роҳҳои асосии амалишавии онро муайян менамояд. Зарурияти қабули барнома вобаста ба пешрафти ҷомеа ва ҷаҳони муосир ба миён омада, иқтисодиёти муосир ҳарчи зиёдтар ба мутахассисоне, ки дониши амиқ ва қобилияти навоварӣ доранд, эҳтиёҷманд аст. Аз ин сабаб яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф таъсиси низоми  муассири таҳсилот, муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва  рушди хонандагони боистеъдод мебошад.
Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷиҳати амалӣ намудани талаботи барномаи мазкур тибқи нақшаи махсус мунтазам тадбирҳо меандешад. Яке аз самтҳои фаъолияти марказ таъмини иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошад. Ин аст, ки аз 1 то 10 сентябри соли равон олимпиадаи 30-юми ҷаҳонӣ “IOI”  аз фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳрҳои Сукуба ва Ибаракии давлати Ҷопон ҷараён меёбад. Барои иштироки хонандагони тоҷикистонӣ дар озмуни мазкур Маркази  ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо 2 даври интихобӣ бо иштироки зиёда аз 50 хонандаи муассисаҳои таълимӣ баргузор намуд. Дар натиҷа хонандагони болаёқат аз литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқдисодии шаҳри Душанбе Давлатхоҷа Магзумов, литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  Фарҳод Ҳокимиён, литсейи хусусии тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ Хусрав Ашӯрзода ва Акмал Маҳмадшоев роҳхат ба даври байналмилалӣ дарёфт намуданд. Шогирдони болаёқатро омӯзгорони варзида Ҷовидон Атоев, Александр Исматов ва  Михаил Панявин  омода карданд. Дастаи мазкурро намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Манучеҳр Ҳабибзода ва Александр Исматов роҳбаладӣ менамоянд. Итминони комил аст, ки шогирдони мо бо сарфарозӣ аз олимпиадаи мазкур ба Ватан бармегарданд.
Хуршедшо Каримов, 
муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо