ИҶРОИ ҚОНУНИ ЗАБОН – ТАЛАБИ ЗАМОН

26-07-2018
Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм ва фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар мавриди баррасӣ қарор дод. Аз маълумотномаи ба мушовараи Вазорати маориф ва илм пешниҳоднамудаи шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот маълум гардид, ки ба татбиқи амалии масъалаҳои мазкур масъулини раёсату шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии минтақаи мазкур таваҷҷуҳ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ зоҳир накардаанд. Натиҷаи санҷиш ошкор намуд, ки вобаста ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор тадбирҳои дигаре, ки ҷиҳати татбиқи амалии он бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” (ҳарчанд муҳлати иҷрои Барномаи мазкур ба охир расида бошад ҳам, лекин иҷрои баъзе аз бандҳои муҳлатноки он идома дорад) қабул карда шудаанд, ҳамчунин тадбирҳои дар ин самт андешидаи Вазорати маориф ва илм ва иҷрои қарорҳои мушовараю фармоишҳои вазири маориф ва илм на аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф ва на аз ҷониби масъулин чораҳои муайяну мушаххас андешида нашудаанд.  
Ҳолатҳое, ки то ҳанӯз дар иҷрои қарору фармоиши мақомоти идорӣ аз методҳои куҳнаю қолабии бенизом ва дар аксар маврид нолозим кор мегиранд, ба мушоҳида расид. То ҳол ба таври айёният мавҷуд будани гӯша, лавҳа ва ё овезаеро ҷиҳати татбиқи қонуну қарор, низомномаву барнома ва ё консепсияву стратегия дар роҳраву ҳуҷраҳои кориву методӣ насбшударо ҳамчун нишонаи иҷрои он пиндоштан ва ё ҷузвдони фарсудаи корношоямеро, ки «ҳуҷҷат»-ҳои андаруни он ҷавобгӯи талаби замон нестанд, пешниҳод намудан, далели татбиқи амалии санади меъёрӣ буда наметавонад.  
Тавре зикр гардид, ҷиҳати иҷрои ҳар қонуну қарор, низомномаву барнома ва ё консепсияву стратегияҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, тадбирҳои андешидаи Вазорати маориф ва илм дар шакли нақшаи чорабиниҳо бо қарорҳои мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм ба тасдиқ расонида шуда, барои иҷро ба таври расмӣ ба муассисаҳои зертобеъ дастрас мегарданд. Муассисаҳои зертобеъ барои иҷрои амалии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида, иҷрои онро дар доираи муҳлати пешбинишуда таҳти назорат қарор дода, рафти иҷрои онро дар давоми сол дар фаъолияти муассисаҳои зертобеъ мавриди санҷишу омӯзиш қарор медиҳанд, натиҷаи онро дар шӯро, ҷаласа ва ё дигар мақоми амалкунанда баррасӣ карда, вобаста ба талаботи он ба мақоми идорӣ (Вазорати маориф ва илм) маълумот ва ё ҳисобот пешниҳод менамоянд. 
Мутаассифона, аз санҷиши вазъи масъалаҳои болозикр маълум гардид, ки ҳанӯз ҳам ба иҷрои чунин масъалаҳои талаби замони муосир чандон ҳисси масъулиятшиносӣ эҳсос намегардад. Махсусан, бо мақсади мувофиқи талаботи ягона иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба роҳ мондан, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2017, №17/4 «Низомномаи намунавии Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф» ба тасдиқ расонида шуда, бо фармоиши вазири маориф ва илм аз 4 декабри соли 2017, №6295 «Дар бораи амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2017, №17/4 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф» ба таври расмӣ ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтор ирсол карда шуд. 
Тамоми муассисаҳои таълимии кишвар дар доираи талаботи Низомномаи намунавии Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф муваззафанд ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, барномаи рушди забони давлатӣ ва дигар дастурҳои дар ин самт қабулшуда, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи забон ва истилоҳот, ҷустуҷӯи роҳҳои муосири татбиқи сиёсати забонӣ ва эҷоди шароити мусоид барои эҳё ва тавсиаи забони давлатӣ, дар ин раванд ҳамоҳанг сохтани фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои муассисаи таълимӣ, истифодаи истилоҳоти ягона, баррасӣ намудани ҳодисаҳои вайрон кардани муқаррароти қонунгузорӣ, дар ин самт андешидани тадбирҳо дар доираи салоҳияти худ ва вобаста ба ин пешниҳод намудани гузориш ба мақоми идорӣ ва сохторҳои салоҳиятдор, тадбирҳои мушаххас меандешанд. 
Комиссияи мазкур дар доираи салоҳияти низомномавиаш бо ҷалби мутахассисони соҳа санад, маводи методӣ, таълимӣ ва таҳлилӣ омода месозад ва бо ба нақшагирии он дар нақшаи кории солонаи Комиссия бо фарогирии самтҳои афзалиятноки муқаррароти татбиқи Қонуни забони давлатӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ҷаласаҳои Комиссия ва иҷрои вазифаҳои дигаре, ки дар Низомномаи мазкур дарҷ гардидаанд, чораҷӯӣ менамояд.  
Ҳамзамон, Комиссия дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад, ки аз муассисаву ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои муассисаи таълимӣ (муассисаҳои соҳаи маориф) ва роҳбарони онҳо доир ба рафти иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ ва барномаҳои дигари марбути забон ва истилоҳот, ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои дигарро талаб кунад, масъалаҳои сиёсати давлат дар соҳаи забон, истилоҳот, номгузорӣ, таҳияи барномаҳои комплексии тавсеаи соҳаи истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигар корҳои илми таҳқиқотиро анҷом диҳад ва дастуру китобҳои илмию таҳқиқотӣ, луғатҳои дузабона ва соҳавиро интишор намояд. Дар ҷаласаҳои худ гузориши кормандони масъулро дар бораи иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода, аъзои комиссия ва ё корманди муассисаро аз рӯйи сифат ва натиҷаи фаъолияташ ба садорати муассиса ба мукофот (барои комёбиҳо) ва муҷозот (барои нуқсонҳо) пешниҳод намояд.
Боиси тазаккур аст, ки Комиссия бо фармоиши роҳбари муассисаи таълимӣ (муассисаи соҳаи маориф) дар ҳайати раис (роҳбари муассисаи таълимӣ), муовини раис, котиб ва аъзои Комиссия иборат аз 5-7 нафар (метавонад то 9-11 нафар бошад!) аз ҳисоби омӯзгорони соҳавӣ, кормандони маъмурӣ ва аъзои кумитаи иттифоқи касаба таъсис дода шуда, фаъолияти онро роҳбари муассисаи таълимӣ (муассисаи соҳаи маориф) ба уҳда мегирад. Раиси Комиссия иҷрои вазифаҳои ба дӯши Комиссия гузошташударо ташкил ва назорат карда, вазифаи муовини раис ва котиби Комиссияро муайян мекунад, нақша ва барномаи кори Комиссияро тасдиқ карда, гурӯҳҳои кории марбут ба санҷиши дараҷаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъсис медиҳад. Низомнома ҳамчунин вазифаҳои муовини раис, котиб ва аъзои комиссияро ба таври мушаххас муайян намудааст. 
Ҷаласаҳои Комиссия дар 3 моҳ як маротиба ва аз рӯи зарурат (дар ҳолатҳои дағалона вайрон шудани қонунгузории забони давлатӣ) бе маҳдудияти муҳлат гузаронида шуда, қарорҳои қабулнамудаи он тибқи протокол ба расмият дароварда мешавад, ки он асос (барои чораҷӯӣ ва фармоиши роҳбари муассисаи таълимӣ) ба шумор меравад. 
Бо тазаккури тафсири мухтасари Низомномаи намунавии Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф раёсату шуъбаҳои маориф, роҳбарони ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимӣ, директорону ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ муваззафанд, ки оғоз аз соли нави таҳсил татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тибқи муқаррароти Низомномаи мазкур ба роҳ монанд. 
Ҷиҳати сари вақт мавриди иҷро қарор додани ҳамагуна дастуру санадҳои аз ҷониби Вазорати маориф ва илм воридшаванда, чораҳои таъхирнопазир андешида, аз натиҷаи тадбирҳои ба нақша гирифташуда ва рафти иҷрои онҳо дар муҳлатҳои пешбинишуда, маълумот манзур намоянд.   
Дар нақшаҳои кории солона татбиқи амалии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм ва фармоишҳои вазири маориф ва илмро ба нақша гирифта, рафти иҷрои талаботи онҳоро мавриди санҷишу омӯзиш қарор диҳанд ва аз натиҷааш дар шакли ҳисобот маълумот пешниҳод намоянд. 
Аз раванди баррасии масъалаҳои мазкур ошкор гардид, ки соли таҳсили сипаригардида дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 103425 хонандаи ӯзбекзабон дар 4829 синф, 3690 хонандаи русзабон дар 178 синф ва 2505 хонандаи туркмензабон дар 121 синф ҳамчун намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба таълим фаро гирифта шуданд.  
Мусаллам аст, ки ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллии маскуни ҷумҳурӣ ва истифодаи озодонаи забони модарии онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) кафолат додааст. Аз 3870 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мавҷудаи ҷумҳурӣ дар 3123 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар 608 муассисаи таълимӣ таҳсил ба ду ва се забон ва дар 137 муассисаи таълимии дигар таҳсил танҳо ба забони ақаллиятҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 586 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дузабона ва дар 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии сезабона, илова ба ин дар 26 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони русӣ, дар 77 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони ӯзбекӣ, дар 31 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони қирғизӣ, дар 2 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони англисӣ ва дар 1 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони туркменӣ-  дар маҷмӯъ дар 134 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсилкунанда, таълими забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. 
Шумораи умумии синфхонаҳои дузабона- 17294 ва сезабона- 846 адад буда, шумораи синфҳои таълимашон сирф ба забони ақаллиятҳои миллӣ 2109 адад мебошад. Дар маҷмӯъ шумораи умумии синфҳои таълимии дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсилкунанда 20249 адад ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи муқаррароти нақшаҳои таълимӣ дар чунин муассисаҳои таълимӣ таълими забони давлатӣ барои хонандагони ақаллиятҳои миллӣ аз синфи 2 то синфи 11 ба роҳ монда шуда, барои хонандагони ба забони русӣ таҳсилкунанда дар як ҳафта 29 соат, барои хонандагони ақаллиятҳои миллии ба забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ ва қирғизӣ таҳсилкунанда дар як ҳафта 22 соат муқаррар гардидааст. Ин миқдор соати нақшавӣ барои омӯзгорони забони давлатӣ мутаносибан ба 1,22  (22 соати дарсӣ) то 1,61 (29 соати дарсӣ) воҳиди корӣ баробар аст.  
Аз омори зикргардида маълум аст, ки ба чунин шумораи умумии синфҳои дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои милллӣ таҳсилкунанда чӣ қадар омӯзгори фанни забони давлатӣ лозим аст. Пас оё муассисаҳои таълимии дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсилкунанда бо омӯзгорони фанни забони давлатӣ таъминанд ва ё забони давлатиро ба таълимгирандагони ақаллиятҳои миллӣ кӣ дарс медиҳад? Худи омӯзгорони намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки аксар ғайритахассусанд?!  
Мутаассифона, чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии аксари ноҳияҳои дар онҳо ақаллиятҳои миллӣ маскунбудаи мавриди санҷишу омӯзиш қарордошта, ба мушоҳида расид. Яқин чунин камбудиҳо дар муассисаҳои таълимии дигар минтақаҳо мавҷуданд!  
Ба ин хотир, мушовараи Вазорати маориф ва илм қарор қабул намуд, ки роҳбарияти раёсату мудирони шуъбаҳои маориф дар масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони ихтисосманди забони давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида, ба Вазорати маориф ва илм ҳамасола дархост пешниҳод намоянд. 
Ба такмили ихтисос ва бозомузии омӯзгорони фанни забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик дар синфҳои ғайритоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои ҷалби хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби ақаллиятҳои миллӣ ба ихтисосҳои забону адабиёти тоҷик ва махсусан ба ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ӯзбекии  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳо андешанд.
Дар нақшаҳои кории Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” иҷрои масъалаҳои татбиқи амалӣ ва риояи ҳатмии имлои забони тоҷикӣ, талқин ва тарғиби омӯзиши забони гуфтугӯӣ ва муоширати расмии адабӣ дар раванди дарс ва ҳам дар муоширати омӯзгорону таълимгирандагон ва ҳам мураббиёну тарбиягирандагонро ба нақша гирифта, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва дар ҳар як синф ба мавҷуд будан ва дар раванди дарс истифода кардани “Феҳристи навишти “у” бар ивази “ӯ” пеш аз ҳарфи “ҳ” ва “ъ” ва истифодаи ҳамешагии “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” диққат диҳанд ва иҷрои онро назорат намоянд.      
Иҷрои ҳамагуна қонуну қарор ва дастуру супоришҳои мақомоти идориро таҳти назорат қарор дода, натиҷаи онро дар шакли протокол ва ҳисобот ба расмият дароранд ва аз натиҷаи иҷрои он Вазорати маориф ва илмро ба таври расмӣ  огоҳ намоянд. 
 
  Раҷабалӣ Сангов – сардори шуъбаи таъминоти
  ҳуқуқӣ ва котибот, котиби Комиссияи татбиқи 
  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи 
                                забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 
  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон