ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ "ДОНОЯК" ДАР ДЕҲАИ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

10-04-2024
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан дар деҳаи Файзи истиқлоли шаҳри Истаравшан муассисаи томактабии хусусии "Донояк" мавриди истифода қарор дода шуд. 
Зимни ифтитоҳ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидзода Раҳим Ҳамро, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз Абду ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок намуданд.