Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд

23-04-2024
ДУШАНБЕ, 23.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 хонандаи болаёқати Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии «Кайҳон аз нигоҳи кӯдакон», ки дар Планетарияи Иркутски Федератсияи Русия доир гардид, ғолиб омада, соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти Кумитаи тадорукоти озмуни байналмилалӣ, ба котиботи озмун 900 осори хонандагони болаёқат аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ворид гардида, дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорони озмун муайян карда шуданд.
Ҳамчунин 50 иштирокчии фаъол аз Тоҷикистон ва омӯзгорони онҳо бо сертификати байналмилалии иштирокчии озмун сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадафи озмун аз дарёфти истеъдодҳои нав дар риштаи рассомӣ ва тақвияти дониши кӯдакон оид ба кайҳон иборат буд.
Озмун ба муносибати 90 — солагии зодрӯзи кайҳоннавард Юрий Алексеевич Гагарин баргузор шуда, хонандагони болаёқат офаридаҳояшонро дар мавзуъҳои “Кайҳоннавардон: дирӯз, имрӯз ва фардо”, “Дастгоҳи парвозкунандаи ман” ва “Ситораҳову сайёраҳо” пешниҳод намуданд.