ЭҲСОН САФАРЗОДА СОҲИБИ ҶОИЗАИ “СУХАНГӮИ БЕҲТАРИН” ГАРДИД

03-05-2021
3-юми майи соли равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи байналмилалии озодии матбуот» конфронс баргузор шуд, ки зимни он ба як қатор намояндагони ВАО ҷоизаҳои журналистӣ тақдим карда шуд.
Аз ҷумла, журналист Раҷаби Мирзо – масъули гурӯҳи фейсбукии «Ахбор барои афкор» ҷоизаи «Эътимод»-ро, ки аз ҷониби Шӯрои ВАО таъсис ёфтааст, ба даст овард. Ҷоизаи МТЖТ  «Сухангӯи беҳтарин» ба номи Иқбол Тешаев ба Эҳсон Сафарзода – сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм тақдим гардид. Ҳамчунин, дар доираи ин ҷоиза маблағи муайян ба оилаи марҳум Иқбол Тешаев ҳамчун кӯмак ҷудо гардид.
Дар расми тақдимнамоии ин ҷоиза директори МТЖТ Хуршеди Атовулло бо ёдоварӣ аз хидматҳо ва корнамоиҳои марҳум Иқбол Тешаев ба ҳайси сухангӯйи раиси шаҳри Исфара изҳор дошт: «Ҳодисаҳои ахир дар марз нишон дод, ки на танҳо аз шаҳри Хуҷанд, балки аз шаҳри Душанбе ҳам рафтани журналистон натавонист ҷои Иқболро пур кунад. Ҷои ӯ то ҳол холист».
Сипас, дар идомаи ҷоизасупорӣ муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов ва рӯзноманигор Ҷамшед Маъруфов бо ҷоизаи «Рисолати касбӣ» ба номи Отахон Латифӣ аз ҷониби Медиа Алянси Тоҷикистон, рӯзноманигорони тадқиқотчӣ Ёқуб Ҳалим ва Мазҳаб Ҷумаев бо ҷоизаи тадқиқоти журналистӣ ба номи Ҷумъа Толиб, инчунин, рӯзноманигори ҷавон Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ҷоизаи «Ҷасорат ва рисолати касбӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Суннатуллоҳи Мирзо