ДУРАХШИ ИСТЕЪДОД: ДУШАНОВ АЗАМАТ

16-03-2024
Рӯзҳои 11-16 марти соли равон дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 4 нафар хонанда дар 9-умин Олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «CMO-2024» аз фанни математика дар шаҳри Майкопи Ҷумҳурии Адигея иштирок намуданд. Дар он Душанов Азамат – хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи II гардид.
Дастовардҳои Душанов Азамат дар бонуфузтарин олимпиадаҳои байналмиллалӣ солҳои охир назаррас буда, ӯ дар чунин одимпиадаву озмунҳо ғолибият ба даст овардааст:
1. Олимпиадаи байналмилалии JBMO 2020 - ҷойи 3- юм.
2. Олимпиадаи байналмилалии JBMO 2021 - ҷойи 1- ум.
3. Олимпиадаи байналмилалии IGO 2021 - ҷойи 3- юм.
4. Олимпиадаи байналмилалии CMO 2021 - ҷойи 3- юм.
5. Олимпиадаи байналмилалии APMO 2022 - ҷойи 3- юм. 
6. Олимпиадаи байналмилалии IMC 2021 - ҷойи 2- юм ва 3- юм. 
7. Олимпиадаи байналмилалии IZHO 2023 - ҷойи 3- юм.
8. Олимпиадаи байналмилалии IZHO 2024 - ҷойи 3- юм. 
9. Олимпиадаи байналмилалии CMO 2024 - ҷойи 2- юм.
10. Даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" - ҷойи 1- ум.