Даъватнома барои иштирок дар тендери чоп

16-11-2018

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон, рушди ширкатҳои полиграфӣ ва дар дохили ҷумҳурӣ бо стандартҳои баланд чоп кардани журналҳои синфи ва Дафтари машқи хат ва хушнавис шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун  бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба чопи китобҳои  мазкур

Номгӯи китоб

Лот

1.

Журнали синф барои синфҳои 1-4

лоти 1

2.

Журнали синф барои синфҳои 5-11

лоти 2

3.

Дафтари машқи хат ва хушнавис

лоти 3

даъват менамояд.

Тавсифи муфассали маводҳои мазкур ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр гардидааст, ки он ба ҳар кадом хоҳишманд аз ҳуҷраи-102 шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 

Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми (арзиши як лот 50 сомонӣ). 

Муҳлати охирини қабули дархостҳо ва кушодашаваии лифофаҳо рӯзи 08 декабри  соли 2018,  соати 1000 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нисормуҳаммад 13а  муайян карда шудааст. 

Телефонҳо барои маълумот: 227-45-02;