ДАРСИ КУШОДИ ОМӮЗИШӢ БО “ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

05-03-2024
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода барои гурӯҳи ҷавонони аъзои курси омӯзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Пайравони Пешвои миллат” дарси кушоди омӯзишӣ баргузор гардид.
Миёни вазири маориф ва илм ва ҷавонони фаъоли кишвар суҳбати гарму самимӣ ҷараён ёфта, Раҳим Саидзода қайд намуд, ки ҷавонон неруи созанда ва пайравони асили сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон тамоми шароити лозимиро барои таҳсил ва фаъолияти корӣ фароҳам овардааст. Таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва рӯ овардани онҳо ба тамаддуну фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илм буда, вазорат барои амалигардонии он дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Дар идома аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба вазири маориф ва илм саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Қабл аз баргузории дарси кушоди омӯзишӣ ҷавонони аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аз фаъолият ва ҳуҷраҳои кории кормандони Вазорати маориф ва илм дидан карданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон