ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАХШИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ “СОЗАНДАГИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТӮЛИ СЕ ДАҲСОЛАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

15-11-2021
15-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, муовинони вазири маориф ва илм, ректорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарону кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеи он бахши Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи "Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ" бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конфронс Нуъмонҷон Ғаффорӣ-ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзуи “Бозтоби симои омӯзгор дар осор ва паёмҳои Пешвои миллат”, Абдусалом Мирализода-ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ”, Муҳриддин Низомӣ-ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар мавзуи “Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ дар замони истиқлол”, Хоналӣ Қурбонзода-ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар мавзуи “Тулӯи авҷи фитрат дар китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон”, Давлаталӣ Алимов-мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав дар мавзуи “Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар мисоли як донишгоҳ”, Сабзаалӣ Асоев-дотсенти факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими истиқлоли Тоҷикистон”, Дилором Сайдаҳмадзода-директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар мавзуи “Марҳилаҳои таҳкими вазъи сиёсию ҳуқуқии занон дар замони Истиқлолият”, Ғолибҷон Санавваров-мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари тамаддуни халқи тоҷик дар шароити муосири ҷаҳонишавии Тоҷикистон”, Раҳмоналӣ Шарифов-декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди маорифи Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ” ва Ҷамолиддин Сафолов-муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори консепсияи омӯзиши таърихи тамаддуни ориёиҳо” маърӯза намуданд. 
Бояд ёдовар шуд, ки конфронси илмӣ-назариявии “Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ” бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори дастгоҳ оғоз гардида, баъд аз баргузории ҷаласаи ифтитоҳии он яке аз бахшҳо дар Вазорати маориф ва илм кори худро идома дод.