Дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум аз 1 июл оғоз мегардад

15-06-2022
Аз 1 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2022-2023 оғоз мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назрулозода.
«Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Дар баъзе аз ноҳияҳои дурдастарин мамлакат қабули хонандагон ба синфи якум аз нимаи моҳи июн низ оғоз мешавад», - гуфт мавсуф.
Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешаванд.
«Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баъд аз номнавис гардидани хонандагон аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра ба хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад», - гуфт Зиёратшоҳ Назрулозода.
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 25 май ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом расид. 
 
АМИТ «Ховар»