БОЗДИДИ З.АБДУЛЗОДА АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ  НОСИРИ ХУСРАВ

15-10-2022
 
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии минтақаҳо гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазир Зиёдулло Абдулзода аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Носири Хусрав дидан намуд.
Зимни боздид аз муассисаҳои таълимии №№1, 6, 7, 11, 12, 16, 20, 25, 26 ва гимназияи №1-и ноҳия гурӯҳи корӣ ба масъалаҳои риояи интизоми меҳнат дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омодагии омўзгорону хонандагон ба дарс, аз ҷониби хонандагон бо худ овардани китобҳои дарсӣ, дастрасии Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, давомоти хонандагон, вазъи пур намудани журналҳои синфӣ, тозагии синфхона ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, норасоии омўзгорон ва китобҳои дарсию бадеӣ, шумораи хонандагон дар синфҳо ва муассисаҳои таълимӣ, вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, ҷорӣ намудани таълими равиявӣ дар синфҳои 7-11, омодагӣ ба фасли зимистон, истифодаи мақсадноки заминҳои наздимуассисаҷӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№6, 20 ва 26 давомоти хонандагон нокифоя буда, дар муассисаҳои таълимии №№6, 7, 11, 20, 25 ва 26 хонандагон дар дарсҳо бе китоби дарсӣ иштирок доштанд. Норасоии омӯзгорону китобҳои дарсӣ, бе тайёрӣ дар дарсҳо иштирок намудани омӯзгорон, риоя нагардидани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби баъзе хонандагону омӯзгорон, то ҳол тасдиқ нагардидани ҷадвали дарсӣ, ба равияҳо ҷудо нагардидани синфҳои 7-11, набудани нерӯи барқ дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расид.
Дар муассисаҳои таълимии зикргардида муовини вазири маориф ва илм  ба директорону омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда дар кутоҳтарин муҳлат дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳия бо иштироки директорони муассисаҳои соҳаи маориф  ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он З.Абдулзода дар қатори баррасии натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, иқдомҳои роҳандозишуда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар ёдовар шуда, инчунин, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат супоришҳои мушаххас дод.
Дастур дода шуд, ки вобаста ба натиҷаи санҷиш нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, камбудиҳои ошкоршуда давра ба давра бартараф карда шаванд.