БОЗДИДИ З.АБДУЛЗОДА АЗ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН

01-07-2022
1-уми июли соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода аз Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ” дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба номи Карамшоев Додхудо дидан намуд. 
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимии мазкур 170 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 105 нафарро писарон ва 65 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз теъдоди зикршуда 81 нафар аз ноҳияи Рӯшон, 14 нафар аз ноҳияи Шуғнон, 4 нафар аз шаҳри Хоруғ, 27 нафар аз ноҳияи Мурғоб, 4 нафар аз ноҳияи Ишкошим, 4 нафар аз ноҳияи Ҷайҳун, 13 нафар аз ноҳияи Роштқалъа, 8 нафар аз шаҳри Душанбе, 10 нафар аз ноҳияи Ванҷ, 1 нафар аз ноҳияи Ёвон, 3 нафар аз ноҳияи Ишкошим ва 1 нафар аз шаҳри Ваҳдат мебошанд. 
Дар муассисаи мазкур 31 нафар омӯзгор, 15 нафар мураббия ва 4 нафар роҳбарони маҳфилҳо ба таълиму тарбияи насли насли наврас машғуланд.
Муовини вазир, дар қатори синфхонаҳои таълимӣ аз шароити зисти хонандагон дар хобгоҳи муассиса дидан намуд.
Маълум гардид, ки муассисаи мазкур ба бомпуш намудани ошхона, бунёди майдончаи варзишию ҳарбӣ, аз таъмири капиталӣ баровардани бинои хобгоҳ, ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудани толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ ва пайваст намудан ба шабакаи интернет эҳтиёҷ дорад. 
З.Абдулзода таъкид кард, ки дар пайравӣ ба сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар дар доираи имконият ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд. Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас, ҷалби хонандгон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва маҳфилҳои фаннӣ ва дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани хонандагон чораҳои дахлдор андешида шавад.