БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И НОҲИЯИ ПАНҶ

27-08-2023
Дар доираи сафар ба вилояти Хатлон санаи 27-уми август вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Панҷ дидан намуд.
Аснои боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи лоиҳа иншоот аз 27 синфхонаи таълимӣ бо дарназардошти кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона барои 140 ҷой, толори маҷлисгоҳ барои 400 ҷой ва китобхона  иборат мебошад
Муассисаи таълимии мазкур барои 640 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардида, масоҳати қитъаи замини муассиса 1,05 гектарро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар ҳудуди муассисаи таълимӣ бунёди бинои дегхона барои таъмин намудан бо гармӣ  дар фасли  сармо, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
Вазири маориф ва илм бештар ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, зимни суҳбат ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ дар муассиса бояд дар сатҳи баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони иншоот соли 2021 оғоз гардида, он соли равон ба анҷом расонида мешавад.