БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИЮ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ СИНО

17-10-2022
17-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№31, 112, 118 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №59 ва №66-и ноҳияи Сино дидан намуд.
Зимни боздид, асосан, ба масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, омодагии мураббиёну омӯзгорон ба машғулияту дарсҳо, аз ҷониби хонандагон бо худ овардани китобҳои дарсӣ ва вазъи пур намудани журналҳои синфӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тозагии ҳуҷра, утоқҳои хоб, синфхона ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, шумораи тарбиятгирандагону хонандагон дар гурӯҳ ва синфҳо, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, омодагӣ ба фасли зимистон ва захираи маводи хурока ва ғайраҳо таваҷҷуҳ карда шуд.
Нахуст, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти томактабии №31 ноҳияи Сино (и.в.мудири кӯдакистон Г.Маҳмудова) дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса айни ҳол дар 14 гурӯҳ 333 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 14 нафар мураббия ва 14 нафар ёрдамчии мураббия ба тарбияи онҳо машғуланд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки майдончаҳои варзишии кӯдакона дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доранд.
Дар гурӯҳи якуми барвақтӣ мураббия М.Абдуллоева рӯйхати тарбиятгирандагон ва дафтари машғулиятҳоро пешниҳод карда натавонист. Дар гурӯҳи миёна бошад, 23 нафар тарбиятгиранда фаро гирифта шуда, бинобар сабаби дар кор набудани мураббияи гурӯҳ М.Раҳмонқулова кӯдаконро ёрдамчии мураббия нигоҳ мекард.
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №112 (мудири кӯдакистон Р.Идиева) айни ҳол дар 12 гурӯҳ 341 тарбиятгиранда фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба замимаи Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ 26 нафар зиёд мебошад.
Ҳангоми санҷиш дар гурӯҳҳо маълум гардид, ки дар гурӯҳи дуюми хурд агарчанде 34 кӯдак ба қайд гирифта шуда бошад, 33 кати хоб мавҷуд аст. Аз ин бармеояд, ки 2 нафар кӯдак дар 1 кат мехобанд. Инчунин, маълум гардид, ки утоқи посбон дар даромадгоҳи муассиса ҷойгир буда, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки устоқи посбон бинобар сабаби ҷойгир будан дар даромадгоҳ симои муассисаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, анбори маводи хӯрока барои сабзавоти муассисаи томактабии мазкур ба таъмир ниёз дошта, ҳолати санитарии он беҳбудӣ мехоҳад.
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №118 (мудири кӯдакистон Ёрзода Ф.) тарбиятгирандагон аз меъёр зиёд буда, дар гурӯҳҳо 38-40 нафарро ташкил медиҳанд.
Тибқи замимаи Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ кӯдакистон барои 220 кӯдак пешбинӣ шудааст, аммо айни замон 290 нафар фаро гирифта шудааст, ки аз меъёр 70 нафар тарбиятгиранда зиёд мебошад.
Санҷиш маълум намуд, ки дар гурӯҳи омодагӣ 38 нафар, дар гурӯҳҳои хурду калон 40 нафарӣ ва дар гурӯҳи миёна 39 нафар тарбиятгиранда фаро гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар дохили бинои муассисаи мазкур муассисаи таҳсилоти ибтидоии №83 бо фарогирии 401 хонанда ҷойгир мебошад.
Дар умум, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии болозикр ягона камбудии ҷиддии ба мушоҳидарасида тибқи талабот набудани ҳолати санитарию гигиенӣ дар дохили муассисаҳо буд. Маълум гардид, ки ҷевону рафҳои дохили ҳуҷраҳо сари вақт тоза карда намешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар ин муассисаҳо кор аз соати 7:00 шуруъ шуда, мураббиёну ёрдамчиҳои онҳо бояд ба тозагии ҳуҷраҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамзамон, роҳбарияти муассисаҳо бояд ба сифати хуроки тарбиятгирандагон аҳамият дода, тибқи реҷаи муқаррашуда ба кӯдакон хуроки серғизо пешниҳод намоянд.
Дар идома, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дидан намуд. Зимни боздид маълум гардид, ки то ҳол корҳои таъмирӣ дар қисмати берунии биноҳо идома дорад. Ин дар ҳолест, ки бояд таъмири муассисаҳо дар давраи таътили хонандагон ба анҷом расонида шуда, бо оғоз ёфтани соли таҳсил муассисаҳо пурра омода мешуданд (дар ин хусус мактуби дастурии Вазорати маориф ва илм низ ба раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо №03(18)03-563, аз 02.08.2022 ирсол шудааст). Баргузор нашудани шанбегиҳо дар муассиса ва дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор доштани қисмати берунаи муассиса низ боиси нигаронист.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 маълум гардид, ки дар синфҳо хонандагон аз меъёр зиёд буда, на ҳамаи хонандагон бо китобҳои дарсӣ таъминанд. Аз ҷумла, дар синфи 8ж хонандагон аз 40 нафар 2 нафар ба китоби забони тоҷикӣ, 5 нафар ба китоби адабиёти тоҷик, 2 нафар ба китоби алгебра, 9 нафар ба китоби физика, 2 нафар ба китоби асосҳои давлат ва ҳуқуқ, 6 нафар ба китоби забони англисӣ, 4 нафар ба китоби зоология, 8 нафар ба китоби география ва 3 нафар ба китоби забони русӣ эҳтиёҷ доранд. Хонандагон ишора ба номгӯи китобҳои дарсие карданд, ки дар таъмини онҳо ягон мушкилот мавҷуд нест ва Вазорати маориф ва илм тибқи дархости шуъбаи маориф теъдоди зарурии китобҳоро дастрас намудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми ҷаласаҳои назоратию мушовараҳо роҳбарияти вазорат таъкид медоранд, ки таъмини саривақтии хонандагон бо китобҳои дарсӣ бояд дар мадди аввал бошад.
Ҳолати рӯзномадорӣ аз ҷониби хонандагон ва сари вақт пур нашудани журналҳои синфӣ аз ҷониби омӯзгорон аз камбудиҳои дигаре буд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 ба мушоҳида расид.
Ҳамзамон, дар ҳарду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии болозикр хонандагон аз меъёр зиёд буда, шиору овезаҳои роҳраву синфхонаҳо ба бозбинӣ ва таҷдиди назар эҳтиёҷ доштанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 барои 970 нафар пешбинӣ шуда, айни ҳол дар он 2170 нафар ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 барои 2800 нафар пешбинӣ шуда, айни ҳол дар он 4017 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин ба сифати таҳсилот бетаъсир буда наметавонад.
Аз ҷониби вазири маориф ва илм ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар давоми як ҳафта чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.