БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

27-08-2023
27-уми августи соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуда, ба ҳолати физикии муассиса ва шароити муҳайёгардида барои тарбиятгирандагон шинос шуд. 
Мудири кӯдакистон Л. Алимуродова иттилоъ дод, ки муассиса бо шароити мусоид таъмин буда,  дар он 80 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
 Маълум гардид, ки дар кӯдакистон пайваста шанбегиҳо ва корҳои ободонӣ доир карда шуда, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри фароҳам овардани имконоти мусоид ва аз таъмири ҷорӣ баровардани муассиса таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. 
Дар рафти боздид вазири маориф ва илм зикр намуд, ки роҳбарияти муассисаро мебояд дар баробари ба анҷом расонидани корҳои ободонию созандагӣ ва омода намудани муассиса ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ба сифати хӯроки тарбиятгирандагон ва  тибқи ҷадвали корӣ роҳандозӣ намудани машғулиятҳо аҳаммият ҷиддӣ дода, дар асоси реҷаи муқарраргардида фаъолияти онро назорат намояд.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм ба роҳбарияти муассиса ва мураббиён таъкид кард, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ  тадбирҳои судманд андешанд.