БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

10-09-2022
 
10-уми сентябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ва сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Довуд Ализода аз Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки қабл аз оғози соли таҳсил муассиса аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, барои донишҷӯёну омӯзгорон шароити мусоиди таҳсилу кор фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар ин муассиса пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Баъд аз шиносоӣ аз муассиса вазири маориф ва илм бо устодону кормандон ва донишҷӯён мулоқоти судманд анҷом дод. Дар рафти мулоқот вазир Р.Саидзода иштирокдоронро ба оғози соли нави таҳсил ва 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуда, ҳамзамон, вобаста ба иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти омоданамоии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозорӣ меҳнат, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуд.
Инчунин, дар рафти мулоқот ба кормандону омӯзгорони муассиса 1 адад ноутбук, 1 адад тахтаи электронӣ ва 1 адад телевизиор тақдим гардида, ба 10 нафар донишҷӯи ятими кулл кумаки молӣ расонида шуд. 
Ёдовар мешавем, ки дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар 15 ихтисос таҳсил 856 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд, ки ба онҳо 59 нафар омӯзгор таълим медиҳад.
Комрони Аслон