БОЗДИДИ Ҷ.ҶӮРАЗОДА АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ДАНҒАРА, ВОСЕЪ, МУЪМИНОБОД, КӮЛОБ, ФАРХОР, МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ВА ЛЕВАКАНД

16-08-2022
16-17-уми августи соли ҷорӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, хусусан, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, ҷойи нишаст, технологияи муосиру озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъмири ҷорию капиталии муассисаҳои таълимӣ, ороиши синфхонаҳо, рафти татбиқи «Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020,№ 11/18) ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2022, № 999 аз як қатор муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Муъминобод, Кӯлоб, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Леваканд дидан намуд.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои болозикр муовини якуми вазири маориф ва илм бо директорон ва коллективи омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ҳамзамон, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуда, зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илм фаъолияти дучанд намоянд.
Дар баробари ин, дар ҳар муассисаи таълимӣ ва шаҳру ноҳия ба масъулин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли таҳсили 2022-2023 ва бартараф намудани камбудиҳои бамушоҳидарасида дастуру супоришҳои мушаххас дод.