БОЗДИДИ Л.АБДУЛХОЛИҚЗОДА АЗ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

14-10-2022
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, хусусан, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, таъмин будани хонандагон бо хабгоҳ ва шароити зисти онҳо гурӯҳи кории вазорат бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода аз Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат  ва Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дидан намуд.
Зимни боздиди гурӯҳи корӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор камбудиҳо ба мушоҳида расид. Бо китоби дарсӣ таъмин набудани донишҷӯён, пурра риоя нагардидани либоси ягонаи тавсиявӣ, аз ҷониби омӯзгорон истифода нагардидани технологияи муосир дар раванди таълим, хусусан, тахтаҳои электронӣ, ба таври зарурӣ муҳайё набудани шароит дар хобгоҳи донишҷӯён ва чанде дигар аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки вобаста ба рафъи онҳо муовини вазир Л. Абдулхолиқзода ба роҳбарияти муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои болозикр муовини вазири маориф ва илм бо раёсат ва кормандон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ҳамзамон, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот роҳбарияти муассисаҳоро вазифадор намуда, зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти ва ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаҳоро зарур аст, ки масъулияти дучанд зоҳир намуда, корҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.