БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДОТИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10-12-2020
 
  10-уми декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷаласа баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои молиявию хоҷагидории соҳаи маориф ва илм, пешниҳодоти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи аудити молиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар давраи солҳои 2018-2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
   Дар ҷаласаи мазкур Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм, Сайвалӣ Бекназарзода-муовини сардори раёсати сиёсати иҷтимоӣ ва Диловар Назризода-мудири бахши сиёсати иҷтимоии Палатаи ҳисоби кишвар, сардорону кормандони раёсату шуъбаҳо ва намояндагони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм ширкат варзиданд.
   Н. Собирзода-муовини вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки давра ба давра гузаронидани аудити молиявӣ аз тарафи Палатаи ҳисоби мамлакат дар вазорату кумита ва ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм баёнгари он аст, ки Ҳукумати кишвар мунтазам аз болои сарфу харҷи маблағҳои буҷетӣ назорат мебарад ва ин амалкард боис ба он мегардад, ки масъулини тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар самти равона кардани маблағҳои буҷетӣ барои пешбурди соҳаҳои хеш ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд ва пайваста дар самаранок истифода бурдани он масъулияти бештар ҳис намоянд.
   Дар идома, Бадриддин Музаффаров-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм пешниҳодҳои Палатаи ҳисобро ба самъи ҳозирин расонид. Мавсуф қайд кард, ки дар натиҷаи аудити молиявии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он иҷрои сметаҳои хароҷоти маблағҳои буҷетию махсуси буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи солҳои 2018-2019 ва 9 моҳи соли 2020 санҷида шуд, баъзе камбудиву норасоиҳои молиявӣ ошкор гардид. Гуфта шуд, ки бо дарназардошти камбудию норасоиҳои молиявии ошкоргардида ва минбаъд такрор нашудани онҳо дар вазорат ва муассисаҳои тобеи он, тибқи муқаррароти моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъулини дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат  тавсия дода мешавад, ки натиҷаи аудити молиявии сметаи хароҷотии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  зерсохторҳои онро мавриди баррасӣ қорор дода, дар ҳамкорӣ бо кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои зарурӣ андешида шавад.
   Ҳамзамон, миёни ҳозирин вобаста ба як қатор масъалаҳои марбут бо самти молиявию иқтисодӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.
   Сипас, Нуралӣ Собирзода дар хулосаи муҳокимарониҳои ҷаласа қайд намуд, ки масъулини раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, шуъбаи аудити дохилии Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони мутасаддиро зарур аст, ки барои беҳтар намудани ҳисоботҳои муҳосибӣ, ислоҳи камбудиҳо дар идоракунии молиявӣ ва пешбурди ҳисобдории муҳосибӣ, инчунин дар самти ҳифзу нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва аз эътибор соқит намудани молу амволи давлатӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ҳисоботҳои муҳосибиро тибқи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роњ монанд.