БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ВАЗЪИ ТАРҶУМАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ВА РАФТИ ТАҲИЯИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМИИ ТАХАССУСӢ БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ

30-12-2022
30-юми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм, муовини раиси Шурои миллии таҳсилот Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои тасдиқи адабиёти таълимиву методӣ, ҳисобот аз ҷараёни тарҷума ва нашри китобҳои дарсии фанҳои география ва таърихи халқи тоҷик барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон бо забонҳои ғайридавлатӣ (русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ) ва рафти таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода 10 номгӯйи адабиёти таълимии барои муҳокима пешниҳодшударо муаррифӣ намуд. 
Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии барои муҳокима пешниҳодшуда қаблан аз назари муқарризон ва гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилот арзёбӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, як теъдоди адабиёти таълимии мазкур барои такмил ва таҳрир ба мураттибону муаллифон бозпас гардонида шуд. Инчунин, аз ҷониби раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода ба раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати ҷиддан арзёбӣ намудани мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимӣ ва бо дарназардошти арзишҳои миллӣ таҳия шудани китобҳои дарсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. 
Дар идомаи ҷаласа масъалаи ҷараёни тарҷума ва нашри китобҳои дарсии фанҳои география ва таърихи халқи тоҷик барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаи мазкур президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони русӣ) Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони ӯзбекӣ) Абдухолиқ Абдуллоев, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони қирғизӣ) Наҷмиддин Зайниддинзода ва муовини директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони туркманӣ) Парвина Лутфуллоева ҳисобот доданд.
Зикр шуд, ки то айни замон ба забони русӣ китобҳои дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 5-ум, «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 6-ум, «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 7-ум, «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 8-ум, Географияи Тоҷикистон» барои синфи 8-ум, «География» барои синфи 11-ум, «Таърихи умумӣ» барои синфи 8-ум, бо забони ӯзбекӣ «Математика» барои синфҳои 1 – 2-юм, «Табиатшиносӣ» барои синфи 3-юм, «Таърихи умумӣ» барои синфи 9-ум, бо забони қирғизӣ «Алифбо» (Алиппе) барои синфи 1-ум (таълифи китоби нав), «Математика» барои синфи 1-ум, «Қирғиз тилӣ» барои синфи 2-юм, «Забони англисӣ» барои синфи 3-юм, «Қирғиз тилӣ» барои синфи 4-ум, «Санъати тасвирӣ» барои синфи 5-ум, «Ботаника» барои синфи 5-ум, «Забони русӣ» барои синфи 6-ум, Забони русӣ» барои синфи 8-ум, Забони русӣ» барои синфи 9-ум ва «География» барои синфи 10-ум бо риояи арзишҳои миллӣ тарҷума ва нашр шуданд. Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки бо ҳамкории шуъбаи маориф ва омӯзгорони собиқадору варзидаи муассисаҳоти таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони туркмании ноҳияи Дӯстӣ 4 китоби дарсӣ, аз қабили «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 6-ум, «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 7-ум, «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11-ум ва «Географияи Тоҷикистон» барои синфи 8-ум тарҷума ва барои таҳриру тасҳеҳ ба Муассисаи нашриявии «Маориф» пешниҳод карда шудааст.
Вобаста ба масъалаи мавриди назар ба роҳбарони муассисаҳои масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки тарҷумаи теъдоди боқимондаи китобҳоро дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида, барои таҳрир ва тасҳеҳ ба Муассисаи нашриявии «Маориф» пешниҳод намоянд. Инчунин, ба роҳбарияти Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дастур дода шуд, ки вобаста ба дарёфти роҳҳои пардохти ҳаққи қалами тарҷумаонҳо ва муаллифони китобҳои дарсии тарҷумашаванда дар давоми як моҳ пешниҳод манзур намояд.
Бояд гуфт, ки масъалаи тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26.01.2021 таъкид гардида, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо супориш шуда буд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд.
Аз рӯйи масъалаи 3-юми рӯзнома доир ба рафти таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Д. Ализода шунида шуд. Номбурда дар ҳошияи маърӯзаи худ иброз дошт, ки барои ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ, тиб, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ теъдоди адабиёти таълимӣ то андозае кифоя аст, аммо барои самтҳои техникию технологӣ, соҳаи фарҳанг мушкилии норасоии китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ ба назар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи мавриди назар зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (01.09.2022) махсус зикр гардида, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд. Аз ҷумла, Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таҳсилоти касбӣ доранд, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ, дастур доданд, ки ҷиҳати бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, китобҳои дарсиро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсилот таҳия намоянд. 
 Пас аз баррасии масъалаи мавриди назар аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм, муовини раиси Шурои миллии таҳсилот Ҷ. Ҷӯразода ба сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Д. Ализода ва директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода ҷиҳати таъсис додани гурӯҳи корӣ дар мавриди муайян сохтани норасоии адабиёти таълимӣ дастур дода шуд. 
Дар охир тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, саҳм гузоштан дар такмилу арзёбии нақшаву барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот ва як қатор аъзои он бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Сипоснома”-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. 
Ҳамзамон, бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва мусоидати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» тақдим карда шуд. 


Фаридун РАҲМОНЗОДА-
котиби масъули Шурои 
миллии таҳсилот