БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКОН-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ"

16-09-2023
Аз 13 то 16 сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон-оинаи таърихи миллат" баргузор гардид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.07.2022, №АП -227 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 сентябри соли 2022, № 473 ба тасвиб расида, аз моҳи феврали соли 2023 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар даври якуми озмун 43169 нафар довталаб ва дар даври дуюм бошад 1227 нафар довталаб иштирок намуда, маҳорату қобилияти худро дар нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян, сухандонӣ, асосноккунии рўйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик, сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик нишон доданд.
Аз шумораи умумии довталабон 100 нафар ғолиби даври дуюм дониста шуда, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд, ки 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (9-11), 27 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 26 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ва 19 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе