БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ ФЕВРАЛ

28-02-2024
28 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе, сардорони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва раёсату шуъбаҳои маорифи минтақаи Ҳисор (Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб ва Турсунзода) ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, қайд кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаҳои маориф ва илми кишварро мебояд барои рушди соҳа, ҷиҳати амалигардонии стратегия ва барномаҳои давлатӣ ва беҳтар намудани сифати таҳсилот саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Сипас ҳисоботҳои сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба «Вазъи иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе», сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода оид ба «Иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор» ва зимни баррасии масъалаҳои иловагӣ ҳисоботҳои иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Э.Сафарзода дар бораи «Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман - ифтихори ман»», президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М.Саломиён дар бораи «Талаботи тахассусӣ вобаста ба салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода дар бораи «Дастурамали намунавии вазифавии омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода дар бораи «Дастурамали вазифавии роҳбарони созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ» ва Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» шунида шуд.
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки натиҷаҳои иҷроиши нақша ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор муайян месозад, ки дар қатори дастовардҳои бадастомада норасоиҳо ва камбудиҳо дар самти иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадияҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, сифати таҳсилот, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон ҷой дорад, ки масъулини минтақаи мазкур барои бартараф намудани мушкилотҳои номбурда бояд чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамчунин раиси ҷаласа қайд намуд, ки беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълиму тарбия, пурра бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фарогирии бештари кӯдакону наврасон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштаи мақоми омӯзгор дар ҷомеа, тақвият бахшидани неруи зеҳнии хонандагон, беҳтар намудани сифати таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор ва тамоми ҷумҳурӣ, иштироки хонандагону донишҷуёни кишвар дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, зиёд намудани устодону омӯзгорони дорои дараҷаву унвони илмидошта аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба иштироки бештари хонандагону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, иҷроиши барномаву стратегияҳои давлатӣ ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳаи маориф бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
Дар идома масъалаҳои пешниҳоди адабиётҳои таълимӣ китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар бораи «Дафтари хонанда аз фанни забони тоҷикӣ» барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дастури методии «Забони тоҷикӣ» (тавсияҳои методӣ барои омӯзгори фанни забони тоҷикӣ) дар синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, китоби дарсии «Математика» барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, «Дафтари хонанда аз фанни математика» барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дастури методии «Математика» (тавсияҳои методӣ барои омӯзгори фанни математика) дар синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар бораи дастури методии «Методикаи таълими забони модарӣ дар синфи 2-юм» барои омӯзгорон, донишҷӯён, муҳаққиқон, унвонҷӯён ва мутахассисони таълими ибтидоӣ, дар бораи китоби дарсии «Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (муаллифон: Табаров Нозим Маҳмадалиевич, Муродов Сайдалӣ, Маҳмадалиев Суҳроб Нозимович), китоби дарсии «Анатомия человека» (анатомияи одам, бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Иддиева Хосият Шариповна, Иддиев Фирӯз Яқубович), китоби дарсии «Андоз ва андозбандӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Имомов М.Қ, Хидиралиев Р.З), китоби дарсии «Асосҳои физикаи мактабӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Умаров У. С, А. Сафаралӣ, Раҷабов У.Х), китоби дарсии «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷетӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Б. Ҷ. Ҷӯрахонзода, Бобомуродов Б.Э, Олимов Д.А, Носирзода Ҳ.С), китоби дарсии «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои ИДМ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Гулмирзоев Қиёмуддин, Мирзомудинов Додихудо, Ҳақбердиев Ҳақбердӣ), китоби дарсии «Идораи ҳайати кормандон» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифонон: Сангинмурод Бегмуродов, Музафар Раҳимзода), китоби дарсии «Методикаи машғулиятҳои беруназсинфӣ аз физика» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Умаров Умар Сулаймонович, Раҷабов Умед Хушвақтович), китоби дарсии «Методикаи таълими физика» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ (муаллифон: Умаров Умар Сулаймонович, Раҷабов Умед Хушвакович), китоби дарсии «Муқадима ба иқтисодиёти тандурустӣ» барои донишҷӯёни равияи тиббии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Ҷӯраева Н.С, Муминзода Б.Ғ, Рузиев Ф.А, Комилов И.Ш), китоби дарсии «Химияи ғайриорганикӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Солиев Лутфулло) ва китоби дарсии «Химияи умумӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Солиев Лутфулло) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ, таҳлили вазъи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, пешвози фасли баҳор, аксияҳои тозагӣ, ба бар намудани либосҳои миллӣ, таҷлили рӯзи «Бонувон» ва иди ҷаҳонии «Наврӯз» дар дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои соҳаи маориф ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон