БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН ТАВАССУТИ МАРКАЗИ МИЛЛИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО ОМӮЗГОРОНИ БАЛАНДИХТИСОС

18-04-2024
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ҷаласаи корӣ оид ба бақайдгирии довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, сардорони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Раиси ҷаласа қайд намуд, ки идомаи таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соҳибкасб шудани ҷавонон ва дар оянда дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир шудани мутахассони тоҷик замина фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар ба қайд гирифта, барои роҳ ёфтани онҳо ба муасисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ муайян намудааст.
Дар баробари ин, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони варзида яке аз масъалаҳои муҳимест, ки имрӯз дар маркази фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҷиҳати дар соли таҳсили 2024-2025 пурра ба омӯзгорон таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ лозим аст, ки аз ҳоло корҳои банақшагирӣ гузаронида шавад.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, боло бурдани неруи зеҳнии хонандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо омӯзгорону хонандагон ҷиҳати пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва пурра бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон