БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 34 ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

01-11-2022
1-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва дигар меҳмонон бинои муассисаи таълимии рақами 34-и ноҳияи Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дорои беҳтарин шароити муосир ва ҷавобгӯй ба стандартҳои таҳсилоти байналмилалӣ буда, синфхонаҳо тозаву барҳаво буда, бо таҷҳизоти лозимаи таълимӣ таъмин шудааст.
Синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 12 адад компютер таъмин буда, як адад тахтаи электронӣ насб карда шудааст, ки аз муҳимтарин талаботи таҳсилоти муосир мебошад.
 
Хадамоти матбуоти
раёсати маорифи вилояти Хатлон