Ҳаст Роғун корзори номусу нанги Ватан

16-11-2018
Валӣ Исматов бо ифтихор мошин меронад. Дар дилаш шодӣ мавҷ мезанад. Охир, чаро ифтихор накунад? Ӯ яке аз созандагони НБО-и Роғун аст. Бо рондани мошини азимҷусса дар сохтмони ин иншооти аср саҳм мегузорад. Хизмат ба халқу миллатро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад ин марди заҳматпеша. 
В. Исматов бо ҳаяҷон изҳор медорад, ки агар иродаи мустаҳками Сарвари давлатамон, марди некрой Эмомалӣ Раҳмон намебуд, шояд мо имрӯзҳо атрофи ба фаъолият оғоз намудани аввалин чархаи Роғун сухан намекардем. Пешвои миллат худ далерона ба булдозер нишаста, беш аз якуним соат баҳри бастани сарбанди НБО кор карданд ва  барои идомаи сохтмони неругоҳи аср дуои нек доданд. Ин як такони ҷиддие буд барои коргарону созандагони неругоҳ... 
Субҳгоҳон сурудхонон ба кор раҳсипор мегардад акаи Валӣ. Сари фармони мошини худ шеъри наверо замзама мекунад. Як сирро ночор бароятон мекушоям, дӯстон, ӯ шоир ҳам ҳаст. Бо тахаллуси Усто Валӣ сатрҳои самимие иншо мекунад. Ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ пайваста чоп шудаанд.  Чанд маҷмӯи шеърияш бо номҳои  «Оҳи чанор», «Рӯъёи роз» ва ғайра ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ расидааст. Дар лаҳзаҳои истироҳат миёни ҳамкорон-созандагони Роғун навиштаҳояшро қироат мекунад ва ба онҳо ғизои маънавӣ мебахшад. Ин саҳар низ баҳри ҳамкорон армуғоне дошт: шеъри наве бо номи «Роғун». Онро зери лаб такрор ба такрор мехонд:
Дар радифи қуллаҳои сарбаланди кишварам
Бар фалак имрӯз кӯҳи дигаре сар мекашад.
Кӯҳи Роғун аст, к-он бо ҳиммати халқи бузург
Ҷилваи нуре ба сӯи моҳу ахтар мекашад…
Бо қироати ин сатрҳои пурэҳсосу ифтихорангез мавҷи кафкӯбӣ миёни ҳамкорон баланд мегардад. 
Усто Валӣ дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушода, мактаби №9-и ҳамин деҳаро хатм кард ва ба хизмати Модар-Ватан рафт. Баъди адои хизмати ҳарбӣ (солиҳои 1982-84) омӯзишгоҳи №13-и ноҳияи Кушониёнро бо дипломи аъло ба поён расонид ва соҳиби ихтисоси ронанда-таъмиргар шуд. Аз соли 1987  дар НОБ-и Сангтӯда ба ҳайси ронандаи «БЕЛаз» ба фаъолият пардохт ва сипас,  бо оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун ба ин корзор қадам гузошт. 
«Ба як мард 40 ҳунар кам», - гуфта, Усто Валӣ боз устоӣ ҳам мекунад. Мавсуф устои хуби чӯбтарош буда, аз чӯб ашёи гуногуни рӯзгор, аз қабили табақ, қошуқ, шона, асбобҳои мусиқӣ (дутор…), дару тиреза, сандуқ, ҷевон, корд месозад. 
-Вақте Роҳбари давлат дар фикри пешрафту шукуфоии халқаш аст, тамоми шароитро барои зисту зиндагии хубу шоиста фароҳам меоварад, - мегӯяд Валӣ Исматов, -  Пешвои миллати мо дар тамоми самтҳои фаъолият  беҳбудии мардумро ба назар гирифтаанд. Имсолро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон бинмуданд, ки барои бисёре аз ҳунармандон заминаи хубе шуд, то ҳунару истеъдоди худро беҳтар арза кунанд. Аҳли оила дар кори чӯбтарошиам кумак мерасонанд ва ман фориғ аз корам дар НБО-и Роғун бо ёрии аъзои хонавода ашёи зарурии мардумро сохта, мефурӯшам ва маблағашро ба эҳтиёҷи зиндагиамон сарф мекунам. Як нақшаи хубе дорам, мехоҳам қолаби хурди НБО-ҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, НБО-и Роғунро аз чӯб битарошам ва ба мизоҷон, хусусан, меҳмононе, ки аз хориҷ ба сарзаминамон қадам ранҷа мекунанд, пешниҳод намоям. Бигзор, ҳар як сайёҳ аз ин намунаҳо харидорӣ намуда, ҳамчун армуғон ба зодбумаш бибарад ва кишвари ман  дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати офтобӣ, мамлакати нур бештар муаррифӣ шавад, - бо ифтихор иброз медорад Усто Валӣ.
Дилафрӯз Қурбонӣ, 
«Омӯзгор»