АРЗЁБИИ МУҲТАВОИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ФАННИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА АНДОЗАИ ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ҚАЛАМИ МУАЛЛИФОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ

26-12-2023
26 декабри соли равон ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот гузориши иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода доир ба адабиёти таълимиву методии барои баррасӣ пешниҳодгардида, ҳисоботи раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни забони тоҷикии Шурои миллии таҳсилот А. Мирбобоев доир ба арзёбии муҳтавои китобҳои дарсии фанни забони давлатӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ ва гузориши котиби масъули Шурои миллии таҳсилот Ф. Раҳмонзода дар бораи меъёри пардохти ҳаққи қалами муаллифони китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома дастхати 18 номгӯйи адабиёти таълимӣ, аз он ҷумла 3 номгӯй дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои томактабӣ, 2 дастури таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 12 китоби дарсӣ ва 1 дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳокима гардид.
Дар охир барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, саҳм гузоштан дар такмилу арзёбии нақшаву барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот ва як қатор аъзои он бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ифтихорномаи»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,
илмию методии Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон