АРЗЁБИИ МУҲТАВОИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ФАННИ ТАЪРИХ ДАР ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ

29-03-2024
29-уми марти соли равон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, роҳбарону аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсии Шуро ва муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот нахуст иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода адабиёти таълимиву методии барои баррасӣ пешниҳодгардидаро муаррифӣ намуд. Дар кори ҷаласа як номгўй барномаи таълими фанни нуҷум барои синфҳои 10 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 15 номгӯй харитаҳои таълимӣ ва 14 номгӯй китоби дарсии зинаи таҳсилоти олии касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаи мавриди назар аз ҷониби раиси ҷаласа риоя намудани талаботи нақшаҳои таълимӣ ва принсипи муносибати босалоҳият ба таълим дар китобҳои дарсии муассисаҳои таълимӣ таъкид карда шуд.
Дар идома гузориши сармутахассиси фанни таърихи раёсати таҳияи маводди имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Абдуллоев доир ба арзёбии мазмун ва муҳтавои китобҳои дарсии фанҳои таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шунида шуд.
Дар охир аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм ба инобат гирифта шудани пешниҳодҳои ироашуда зимни таҳияи консепсияи таълифи китобҳои дарсии фанни таърихи халқи тоҷик ва бо дарназардошти методикаи ҳозиразамони таълим таҳия намудани китобҳои дарсии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид карда шуд.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон