АРТИШИ МИЛЛӢ –МАКТАБИ МАТОНАТУ ҶАСОРАТ 

16-09-2022
Тарбияи  кадрҳои худшиносу ватандӯст,  дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва роҳбарияти  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии  кишвар ва умуман,  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит баҳри фаъолияти бавусъати аскарону афсарон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам хубтару беҳтар гардида истодааст.
Мавриди зикр аст, ки Артиши миллӣ таҳти сарварии бевоситаи  Пешвои муаззами миллат  дар давраи наздик ба 30 соли мавҷудияти хеш рушду нумуъ ёфта, аз ҳар ҷиҳат мукаммал гардидааст.
Боиси  ифтихор  ва қаноатмандист,  ки  имрӯз  дар фазои  сулҳу  субот  ва  зери осмони  мусаффои  кишвар ҷавонон  бо  амри  дил  ва  бо ҳисси  ватандӯстӣ  барои  хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ омода мебошанд. 
Хушбахтона, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи  сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дошта, тарбияи ватандӯстии ҷавонон яке аз самтҳои  муҳими  сиёсати Ҳукумати  ҷумҳурӣ  арзёбӣ мегардад.
Сол то сол масъулияти ҷавонони диёрамон  дар  роҳи расидан  ба  ормонҳои миллӣ афзуда  истодааст.  Теъдоди  наваскароне,  ки  имрӯз бо  хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ - Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафарбар мегарданд, зиёд гардида, ҳама дарки онро доранд, ки ояндаи давлату миллат ба онҳо вобаста аст.
Ҷавонони сарбаланд ва боору  номуси  Ватанамон  ҳисси масъулият мекунанд, ки ҳифзи Ватан қарзи ҷавонмардӣ буда, ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияту осудагӣ мояи ифтихору шараф маҳсуб меёбад.
Дар адои ин рисолати пуршараф аз онҳо ҳушёрию зиракӣ, матонату  ҷасорат ва дар ҳифзи  Ватани азиз ҷасур будан тақозо шавад.  
Боиси ифтихормандист, ки имрӯз дар  сафи  Артиши миллии  кишвар  ҷавонони қавииродаву ватандӯст хизмат мекунанд, ки барои ҳифзи марзу  буми  Ватани  азизамон ва  дар роҳи  таъмини  амнияти миллату давлат бо ҳар қимате омода ҳастанд.
Ҳамзамон, хизматчиёни ҳарбии кишвар, аз генерал то сарбози  қаторӣ, бо хизмати садоқатмандонаи худ дар эъмори ҷомеаи  демократии  ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда гузошта, дастуру  супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои  Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро  сарбаландона  иҷро мекунанд, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва  марзу буми онро аз ҳама гуна  таҳдидҳои  беруна ҳимоя менамоянд.
Хуршед МУСТАФОЗОДА, 
сармуфаттиши
прокуратураи ҳарбии
гарнизони Суғд, 
полковники адлия