ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИИ 5-6-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ АЗ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ-ГУМАНИТАРӢ ДАР СОЛИ 2023

10-05-2023
Аз 5-ум то 7-уми майи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-6 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, аз фанни забони русӣ, аз фанни забони англисӣ, аз фанни забон ва адабиёти рус, аз фанни забони давлатӣ ва аз фанни таърих) баргузор гардид.
Дар олимпиадаҳои мазкур 999 нафар хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд, ки аз рӯйи иштирок нисбат ба соли 2022 657 нафар (65,8%) зиёд аст. Дар озмун 433 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (20 нафар сазовори медали тилло, 95 нафар сазовори медали нуқра ва 318 нафар сазовори медали биринҷӣ) гардиданд.
Натиҷаи ҷамбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 138 ҷойи ифтихорӣ (8 медали тилло, 38 медали нуқра ва 92 медали биринҷӣ), вилояти Суғд сазовори 116 ҷойи ифтихорӣ (8 медали тилло, 29 медали нуқра ва 79 медали биринҷӣ), вилояти Хатлон сазовори 112 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 14 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 42 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 25 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 11 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ) гардиданд.
Ҷамъбасти озмун маълум намуд, ки хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 86 ҷойи ифтихорӣ (8 медали тилло, 27 медали нуқра ва 51 медали биринҷӣ) ҷойи якум, шаҳри Бохтар бо гирифтани 29 ҷойи ифтихорӣ (5 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ) ҷойи дуюм ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гирифтани 25 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 8 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Мурғоб, Муъминобод, Носири Хусрав, Панҷ, Рашт, Ҷайҳун ва Шамсиддин Шоҳин, мутаасифона, сазовори ягон ҷойи ифтихорӣ нагардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Балҷувон, Ванҷ, Истиқлол, Лахш, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Шаҳристон дар умум иштирок накарданд.
Маросими ҷоизасупорӣ пас аз ҷамъбасти олимпиадаҳо барои хонандагони синфҳои дигар дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон