ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2023”ДАР НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

27-04-2023
27 апрели соли равон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷамъбасти даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023» дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун Зиёдулло Абдулзода - муовини вазири маориф ва илм, Намоззода Ҷамшед - ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Нахуст маросими ҷамъбастиро Намоззода Ҷамшед оғоз бахшида, ҳозиринро ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хушомадед гуфт.
Сипас Зиёдулло Абдулзода қайд намуд, ки саъю талош ва то ба даври минтақавӣ расидани ҳар як довталаб худ гувоҳи комёбию дастовард аст.
Ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ карда, дар асоси талаботи Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023” ғолибони даври минтақавиро эълон намуданд.
Ҳамин тариқ, омӯзгори фанни химияи гимназия-парваришгоҳи ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Абдуллозода Санавбар сазовори ҷои якум, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №28-и ноҳияи Варзоб Ашурова Нозигул сазовори ҷои дуюм ва омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №18-и ноҳияи Шаҳринав Қараева Зайтуна сазовори ҷои сеюм гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 25-уми апрел оғоз шуда, дар давоми се рӯз иштирокчиён аз руйи ҳафт шарт маҳорати худро санҷиданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон