ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА “ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” ДОИР ГАРДИД

24-08-2022
24-уми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба “Таҳсилоти босифат” дар доираи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассосиатсияҳои соҳавӣ, Академияи миллии илмҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. 
Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид Ҳадафҳои рушди устуворро аз соли 2016 тасдиқ намуда, ба милликунонии онҳо устуворона шурӯъ намуд. Дар ин радиф бо назардошти милликунонии Ҳадафҳои рушди устувор Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таҳия ва тасдиқ намуд. Дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар дар ҳошияи милликунонии Ҳадафҳои рушди устувор аксари вазифа ва индикатори Ҳадафҳои рушди устувор ба инобат гирифта шудаанд, ки аз талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар баробари ин, татбиқи уҳдадориҳои кишвар аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати таъмини таҳсилоти босифат вобаста мебошад. 
Сипас, дар раванди ҷаласа 4 масъала: муаррифии гурӯҳи нави кории байниидоравӣ оид ба “Таҳсилоти босифат” дар доираи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.2022, №1169 дар мавофиқа бо вазорату идораҳо); вазифа ва ваколатҳои Гурӯҳи кории байниидоравӣ тибқи Низомномаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; тасдиқи нақшаи кории Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба “Таҳсилоти босифат” ва оиди баргузории семинар барои Гурӯҳи байнидоравии “Таҳсилоти босифат” дар доираи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. 
Дар фарҷом ҳузурдоштагон фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаҳои зикргардида баён намуданд. 
Бахтовар САФАРОВ