ҶАЛАСАИ МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ - АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ”

22-12-2023
22 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳилтон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муаррифии лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм  Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илм, директори лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” Дилшод Сафарзода,  мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвина Маликзод, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озана Севимли, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, шарикони рушд ва дигар  кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. 
Нахуст, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилшод Сафарзода иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ барои давраи солҳои 2023-2029 пешбинӣ шуда, аз се қисм иборат аст. 
Сипас мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода баромад намуда, қайд кард, ки лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм татбиқ карда мешавад. 
Дар идома муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Парвина Маликзод, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озана Севимли, ҳамоҳангсози лоиҳа Музаффарзода Бадриддин ва дигарон суханронӣ намуданд. 
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани самаранокии таълим, татбиқи раванди босалоҳият дар таълиму тарбия, беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳо, шароити санитарии онҳо ва тақвият бахшидани неруи зеҳнии хонандагон мебошад. 
Дар охир муовини вазири маориф ва илм ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносии милливу ватандӯстӣ комёбиҳо таманно намуд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
 Ҷумҳурии Тоҷикистон