ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

18-03-2024
18-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи дуюми Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» доир гардид. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва мушовирони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Сараввал, вазири маорфи ва илм ҳозиринро бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” роҳандозӣ гардид, ки мақсад аз амалигардонии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар ҳар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар натиҷаи ба пуррагӣ ва самаранок иҷро шудани иқдомоти ба нақша гирифташудаи лоиҳаи мазкур муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бо шумораи бештари таҷҳизоти фаннӣ ҷиҳозонида мешаванд, муҳити таълим замонавӣ ва имконияти таҳсилоти босифат фарох мегардад.
Сипас, маърузаи муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода вобаста ба нуктаҳои асосии фаъолияти лоиҳа оид ба дастгирии таҳияи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Тоҷикистон шунида шуд.
Дар идома, Музаффарзода Бадриддин - ҳамоҳангсози лоиҳаи “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат” вобаста ба рафти татбиқи лоиҳаи болозикр ва аъзои шуро вобаста ба самтҳои гуногуни лоиҳа баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” аз се қисм ва зерқисмҳо иборат буда, татбиқи он 6 солро дар бар мегирад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон