ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

29-08-2022
29-уми августи соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара – муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ҷаласа Р.Саидзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ дар самти омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорию китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва чанде дигар ёдовар шуда, ба масъулин ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома гузориши У.Ҳасанов-сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ “Оид ба ҳолати таъмири ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ”, гузориши И.Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ “Оид ба вазъи ба сафарҳои хориҷӣ равон намудани кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он”, гузориши Б.Музаффарзода-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм “Дар бораи рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дар Вазорати маориф ва илм амалишаванда” ва гузориши Н.Мирзозода-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ “Оид ба тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ” мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи аъзоёни ҳайати мушовара қарор гирифт.
Дар идома вобаста ба нашри як қатор китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ - китоби дарсии «История таджикского народа» (Таърихи халқи тоҷик, бо забони русӣ) барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби дарсии «История таджикского народа» (Таърихи халқи тоҷик, бо забони русӣ) барои хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби дарсии «История таджикского народа» (Таърихи халқи тоҷик, бо забони русӣ) барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби дарсии «История таджикского народа» (Таърихи халқи тоҷик, бо забони русӣ) барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби дарсии «География Таджикистана» (Географияи Тоҷикистон, бо забони русӣ) барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаҳои намунавии таълимӣ барои ихтисосҳои сиклҳои кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» (командири взводи савораи тирандоз дар мошинҳои зиреҳпӯш, муовини командири рота оид ба корҳои тарбиявӣ-сиёсӣ, командири взводи радиоалоқа, командири взводи муҳофизати кимиёвӣ, тарҷумони ҳарбӣ), китоби дарсии «Финансирование малого и среднего предпринимательства» (Сармоягузории соҳибкории хурду миёна) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузориши Н.Зайниддинзода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, вобаста ба тасдиқи низомномаҳо - Низомномаи мусобиқаи ҷумҳуриявии “Волейбол” байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Низомномаи мусобиқаи ҷумҳуриявии “Футбол” байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Низомномаи мусобиқаи ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузориши У.Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дар бораи Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва Низомномаи озмуни “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” гузориши З.Назрулозода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар бораи “Луғати тарҷумавии вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ” (Барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) гузориши М.Саломиён-президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дар бораи Нақшаи таълимӣ барои синфҳои 7-9-и таълимашон равиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Р.Мирзозода-директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ шунида шуд.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои далхдор қабул гардид.