Ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ намудани шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон бо таълиму тарбияи томактабӣ ба Узбекистон сафар намуд

04-07-2023
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи «Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдак барои рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» ҷиҳати ташкили шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз мутахассисони соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва молия ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Узбекистон дар самти фарогирӣ ба зинаи томактабӣ хеле пешсаф буда, 71.8% кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шаклҳои алтернативии фарогирӣ хеле зиёд буда, аз шумораи умумии кӯдакон 67,5% дар ин намуди муассисаҳо фаро гирифта шудаанд.
Ҳадафи сафар низ омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷумҳурии ҳамсоя дар ҷодаи роҳандозии шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ба шумор меравад.
Дар идомаи сафар дар назар аст, ки ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ шинос шуда, дар семинари омӯзишӣ иштирок намоянд.