ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид

23-04-2024
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Самтҳои афзалиятноки пажуҳиши гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар шароити ҷаҳонишавӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар конференсия ректори донишгоҳ аз дастовардҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои бузургу таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии муҳаққиқону олимони ҷавон ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки дар донишгоҳ ҳамасола «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияву машаваратҳои илмӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони тоҷикӣ ва таъриху фарҳанги забони миллӣ сухан гуфт.
Роҳбарияти Кумита китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» – и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин асари илмӣ ва таърихӣ номид. Пешниҳод гардид, ки дар донишгоҳ озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»» гузаронида шавад.
Бояд гуфт, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ғолибони озмуни донишгоҳии мақолаи беҳтарин дар мавзуи «Наврӯз – рамзи фарҳанги миллии тоҷикон» бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Конференсия то 27 апрел идома меёбад.