30-СОЛАГИИ САНАДИ ТАНЗИМКУНАНДАИ СОҲАИ МАОРИФИ КИШВАР

27-12-2023
27-уми декабри соли равон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 30 сол пур мешавад. Пас аз ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993, №900 санади меъёрии ҳуқуқии «Оид ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шуд. Мувофиқи банди 2-и қарори мазкури Шурои Олии вақт, Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки то 1 апрели соли 1994 ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мутобиқ сохтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таклифҳо пешниҳод намояд. 
Яъне қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни мазкур мутобиқ карда, санадҳои меъёрии дигар вазорату идораҳоро, ки хилофи ин қонунанд, таҷдиди назар намояд ва Консепсияи мактаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тартиб диҳад. Нахустқонуни соҳаи маорифи кишвар асосҳои умумии сохтор, фаъолият ва идораи низоми маорифро муқаррар намуда, барои дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи маориф заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ гардид. 
Бо назардошти талаботи сархати 4-уми банди 2-юми қарори  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар масъалаи «Консепсияи мактаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тартиб диҳад», бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002 Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатии дурнамои сиёсати давлату ҳукумат дар самти маълумот қабул карда шуд. Ҳадафи қабули чунин санади муҳими моҳияти стратегидоштаи давлатӣ ин танзими тамоюлоти инкишофи соҳаи маорифи кишвар дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба шумор рафта, дар он ба масъалаҳои дарки худшиносии миллӣ ва таърихӣ, таҳкими дарки олии ворисият ба ҳувият ва анъанаҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ, идоракунии сохти демократӣ ва дастовардҳои илмиву техникӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.  
Консепсияи миллии маълумот барои инкишофи низоми маорифи кишвар заминаҳои нави ҳуқуқӣ фароҳам оварда, омили такмил, таҷдиди назар ва таҳияву қабули дигар муқаррароти расмии соҳаи маориф шуд. Дар асоси нишондод ва муқаррароти он қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва самтҳои ба он алоқаманд таҳия ва такмил дода шуда, ба тасдиқ расиданд.  
Қонуни маориф дар солҳои 1994, 1995, 1996 ва 1997 мавриди таҷдиди назар қарор гирифта, ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва ба таври мукаммал аз 15 майи соли 1997 иборат аз 6 фаслу 49 модда мавриди амал қарор дода шуд.  
Солҳои 2003 ва 2004 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйироту иловаҳо ворид гардида, бо иловаи 8 моддаи дигар 17 майи соли 2004, таҳти №34 иборат аз 6 боб ва 57 модда дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ба Қонуни мазкур бо назардошти талаботи замони муосир дар солҳои 2005, 2006, 2008, 2009, 2010 ва 2011 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. 
Қонуни асосии соҳаи маорифи кишвар – Қонун «Дар бораи маориф», ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маорифро муайян менамояд, аз 22-юми июли соли 2013, таҳти №1004 дар таҳрири нав қабул карда шуда, ба он 2 боб ва 12 моддаи дигар илова гардид. Дар давоми зиёда аз 10 соли амалдошти қонуни асосии соҳаи маорифи кишвар ба он 13 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, ки айни замон ҳамчун раҳнамои асосӣ ва ҳуҷҷати рӯимизӣ ва касбии кормандони соҳаи маориф мавриди истифода қарор дорад.
Банди 5-и моддаи 10-и Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимӣ: - таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ (зинаҳои ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти махсусро таъкид менамояд, ки вобаста ба самти фаъолияти онҳо санадҳои меъёрии қонунӣ ба тасвиб расидаанд. Дар давоми 30-соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вобаста ба талабот ва муқаррароти самти намудҳои таҳсилот бо ба инобат гирифтани пайдарҳамии қабули санадҳои меъёрӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» аз 22 апрели соли 2003, №21; «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009, №531; «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз 16 апрели соли 2012, №826; «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» аз 28 декабри соли 2013, №1056; «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 8 августи соли 2015, №1225; «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» аз 24 феврали соли 2017, №1394 ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237 «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 25.09.2018, №484 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуд) қабул шуданд. 
То ин муддат бо мақсади таҳкими раванди таълиму тарбия, ташаккули қобилият, рушди зеҳнӣ, огаҳӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои муосири инноватсионӣ, дарку эҳсоси масъулияти ба зимма дошта, такя ба адабиёти муосири таълимию илмӣ, рӯ овардан ба навҷӯиву навоварӣ ва кашфиёту ихтироот, дар зинаҳои баъдидипломӣ давом додани таҳсил  ва қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар доираи низоми миллии тахассусҳо, мутаносибан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» аз 21 июли соли 2010, №629; «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011, №762; «Дар бораи адабиёти таълимӣ» аз 26 июли соли 2014, №1122; «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 18 марти соли 2015, №1197 ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» аз 29 январи соли 2021, №1761 ба тасдиқ расонида шуданд, ки ба танзими раванди таълиму тарбия, сифат ва самаранокии таълим, омодагии касбии мутахассисон ва низоми маориф нақши муҳим доранд. 
Асоси муқаррароти санадҳои болозикр нишондоди моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» буда, низоми соҳаи маорифи кишвар ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи маорифро танзим намудаанд. Ба баъзе аз он санадҳо борҳо тағйироту иловаҳо ворид шуда, қисме дар таҳрири нав қабул гардидаанд. Дар заминаи талабот ва муқаррароти аксари онҳо дар шакли низомномаву консепсия, стратегияю барномаҳои давлатӣ ва дигар намуди санадҳои меъёрии зерқонунӣ қабул шуда, дар танзими низоми соҳаи маориф нақши муҳим доранд. Ҳадаф аз қабули чунин санадҳо ин такмил ва таҷдиди низоми маориф, комёб шудан ба дастрасии баробар ба таҳсилот, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасӣ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, баробарии гендерӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрванд ва рушди сармояи инсонӣ мебошад. Бегуфтугӯ ташаккулу таҳкими сармояи инсонӣ омили пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав шуда метавонад, ки ҳадафи ниҳоии кормандони соҳаи маориф ва аҳли ҷомеа аст.  
Мусаллам аст, ки соҳаи маориф соҳаи ниҳоят муҳиму сарнавиштсоз ва омили муайянкунандаи рушди инкишофи ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, дар ҷомеа ҳамчун соҳаи афзалиятнок, нақши калидидошта, «...омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат» ва «…наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир» эътироф шуда, рушду инкишофи соҳаи мазкур ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон  муайян гардидааст.    
Аз ин рӯ, маҳз санадҳои мукаммал омили рушду инкишофи бонизоми маорифи кишвар, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, фароҳам омадани заминаҳои нави ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифат ва аҳамияти соҳаи маориф дар ҳамаи сатҳҳо, тақвияти низоми самараноки идораи соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, расидан ба низоми стандартҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва низоми байналмилалии сифат мебошад.

  Раҷабалӣ САНГОВ – Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон