15 НАФАР ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ АЗ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ ГАРДИДАНД

27-05-2022
27-уми майи соли равон дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни мазкур доир гардид.
Лутфия Абдулхолиқзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз оғози маросим иброз намуд, ки доварони озмун заҳмату талошҳои ҳар нафар иштирокчиро ба назар гирифта, ба натиҷаи кори онҳо баҳои воқеъбинона доданд.
-Маълум шуд, нафароне, ки дар даври имсолаи озмун ғолиб омаданд, қаблан омодагии ҷиддӣ дида, баҳри тақвияти донишу маҳоратҳои худ талош варзидаанд. Иштирокчиёне, ки бо сабаби нокифоя будани холҳои бадастовардаашон натавонистанд соҳиби яке аз ҷойҳои ифтихорӣ гарданд, метавонанд, ки дар солҳои оянда аз нав ширкат варзанд ва ҷойҳои намоёну ҷоизаҳои озмунро ба даст оваранд,-қайд намуд муовини вазир. 
Сипас, Бобоҷон Маҳмадализода-мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва нафаронеро, ки бо ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд, эълон намуд.
Ҳамин тариқ, аз шумораи умумии 280 нафар иштирокчӣ 15 нафар ҷойҳои якум, дуюм, сеюмро ба даст оварда, соҳиби Диплом ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун гардиданд. Ҳамзамон, ба 14 нафар иштирокчӣ барои иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмун “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Аз рӯйи баҳогузории ҷамъбасти умумӣ, дастаи Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Б.Исҳоқӣ сазовори ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии иҷтимоии ноҳияи Леваканд сазовори ҷойи сеюм гардида, ба роҳбарияти ин муассисаҳо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Шаҳло Ашӯриён ба 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 10 нафар донишҷӯ барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ “Сипоснома”-и Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ супорида шуд. 
Ифтихора Эшбойзода – донишҷӯйи соли якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, ки аз фанни биология ҷойи аввалро сазовор гардид, бо хушҳолӣ иброз дошт, ки аз соҳиб шудани ҷойи аввал дар ҳаяҷон аст. 
-Аз аввал боварӣ доштам, ки дар озмуни мазкур ғолиб меоям, бо вуҷуди он ки дар рафти озмун рақобат хеле ҷиддӣ ва пуршиддат сурат гирифт, каме нигаронӣ ҳам дар дилам пайдо гардида буд. Сипоси худро ба тамоми омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи камина саҳми босазо доранд, мерасонам,-гуфт И.Эшбойзода.
Исломҷон Ниматов-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вазорат рафти баргузории озмуни мазкурро дар кулл шаффоф ва одилона арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки барои иштирокчиёни аз натиҷаи баҳогузории ҳайати доварон норозибуда комиссияи махсуси апеллиятсионӣ ташкил карда шуд, ки дар рӯзи дуюми озмун аз соати 8:00 то 11:00 арзу шикоят ва пешниҳодҳои иштирокчиёнро қабул ва баррасӣ намуданд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, барои боз ҳам дар сатҳи баланд ва беҳтар баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар бо намояндагони соҳаи маориф ва илм, омӯзгорон, донишҷӯён ва умуман, аҳли ҷомеа ҳамкории бевоситаро ба роҳ монад.
Дар ин замина, таъкид намудан бамаврид аст, ки ташкилу баргузор намудани ин гуна озмунҳо баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаву ҳадафҳо ва барномаву стратегияҳои Роҳбарияти олии мамлакат дар самти рушди маориф ва илм дар кишварамон саҳми босазо мегузорад. Ногузир аст, ки ҳар фарди ҷомеа, махсусан, омӯзгорону волидон ва намояндагони соҳаи маориф ва илми мамлакат дар ташкилу баргузории чунин озмунҳо ва дарёфти чеҳраҳои нави донишманду боистеъдод аз ҳисоби донишҷӯён, ки ҳадафи калидии озмуни мазкур ҳам ҳамин аст, саҳмгузор бошанд.
Бахтовар САФАРОВ