116 МЕДАЛ ВА 31 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021

30-08-2021
Дар соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои ҷаҳонии сатҳи олидоштаи фаннӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуќра ва 4 медали биринљӣ) ва 1 ифтихорнома  гардиданд. 
Яке аз ин олимпиадаҳо Олимпиадаи байналмилалӣ «IMO-2021» аз фанни математика мебошад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо иштироки 110 давлат сурат гирифт. Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 6 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 3 медали биринҷӣ гардиданд. 
Дар Олимпиадаи байналмилалии «IChO 2021» аз фанни химия, ки дар шаҳри Нагасаки кишвари Ҷопон байни 86 давлат  баргузор гардид, 4 нафар хонанда аз ҷумҳурӣ иштирок намуда,  сазовори 2 медали нуқра гардиданд. 
Рӯзҳои 20-27 июни соли ҷорӣ дар кишвари Сингапур Олимпиадаи байналмилалии фосилавии «IOI 2021» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур зиёда аз 80 кишвари дунё иштирок намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар хонандаи болаёқат муаррифӣ намуда, сазовори 1 медали нуқра гардиданд.  
Дар шаҳри Лисабони кишвари Португалия 32-юмин Олимпиадаи байналмилалии фосилавии «IBO-2021» аз фанни биология дар байни 77 кишвари дунё баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 даста иборат аз 4 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 1 медали биринҷӣ гардиданд. 
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ, дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар 28 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 116 медал – 18 медали тилло, 34 медали нуқра, 64 медали биринҷӣ ва 31 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. 
Бахтовар Сафаров